ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » "КОРВОНИ ИТТИЛООТӢ". ИҚДОМЕ, КИ  ВАҲДАТРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

"КОРВОНИ ИТТИЛООТӢ". ИҚДОМЕ, КИ  ВАҲДАТРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

30 август 2023, Чоршанбе
21
0
 
Аз 21-ум то 24-уми августи соли равон як гурӯҳ рӯзноманигорон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҷараёни корҳои созандагӣ ба водии Рашт сафар намудем. Хатти сафар аз Душанбе ибтидо гирифта, аз боздиди шаҳри Роғун ва НБО «Роғун» оғоз гардида, бо тамошои дастовардҳои замони истиқлол ва корҳои созандагии ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Лахш ва Тоҷикобод идома ёфт.
Дар ҷараёни сафар рӯзноманигорон имкон пайдо карданд, ки бо корномаи бунёдкорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шаванд, аз суҳбати директори техникии сохтмони ин Неругоҳ Маҳмадсаид Шамсуллозода баҳра бардоранд, аз ободкориҳои боғи фароғатии маркази ноҳияи Нуробод, бартариҳои боғи интенсивии ноҳияи Рашт, заминҳои картошкаи ноҳияи Лахш, пешравиҳои Ҷамоати деҳоти Лаби оби ноҳияи Тоҷикобод ва амсоли ин дидан кунанд. 
Барои ман дидану шуниданҳо басо ҷолиб буд, зеро бори аввал ба НБО «Роғун» сафар намудам ва таассуроти қаблиам дар бораи ин сохтмон, ки аз маводи ВАО ва асарҳои ҷудогона ҳосил шуда буд, комилтар гардид ва бори дигар мутмаин шудам, ки бо чашми худ дидан аз хондаву шунидаҳо волотар будааст. НБО «Роғун» воқеан, иншооти азим ва беназир аст. Бахусус нақбҳои он, ки вазифаҳои гунонунро иҷро мекунанд, касро ба ҳайрат меоваранд. Нақбҳо, ки дар маҷмуъ беш аз 70 километрро ташкил медиҳанд, дили кӯҳро шикофта, барои обпартоӣ, боркашонӣ ва иртиботи мавзеъҳои гуногуни корзор хидмат мекунанд. Мошинҳои боркаш беист равуо доранд, тракторҳо танаи кӯҳро ҳамвор ва мустаҳкам мегардонанд, дар қитъаҳои ҷудогона мутахассисон машғули коранд. Ба иборае кор дар ҷӯш аст. Мутахассисон аз кори худ қаноатманд буда, ифтихор мекунанд, ки дар бунёди чунин сохтмони азим саҳм мегузоранд.
Корзорҳои ин сохтмон бемуҳобот пурҳашаматанд, аз ҷумла дарвозаҳои оббанди шаш агрегат, ки дар бағали қуллаи кӯҳ (дарғот) бунёд мегарданд, 140 метр ба умқи замин ҷойгир шудаанд. Коргарон бо қуттитасмаҳо ба он ворид шуда, ба васлу насб машғул мешаванд, чархаҳои агрегатҳо зиёда аз 200 тонна вазн доранд, чуқурии бетони таҳкурсии мавзеи асосӣ (мозг) се метр ва паҳноияш як гектарро ташкил медиҳад.
НБО «Роғун» танҳо сохтмони азими истеҳсолӣ нест, балки он майдони тарбияи мутахассисони ватанӣ низ, ҳаст. Айни ҳол дар бунёди он зиёда аз 14 ҳазор нафар коргар саҳм мегузорад, ки аксарияташон мутахассисони тоҷик мебошанд. Чунончи директори техникии Неругоҳ Маҳмадсаид Шамсуллозода нақл кард, дар замони шуравӣ барои мутахассисони тоҷик дар чунин сохтмонҳо ҷой набуд, гӯё онҳо аз уҳдаи кори муҳандисӣ ва ё васлгариву роҳбарӣ намебаромаданд. Имрӯз мутахассисони тоҷик дар соҳаи нақбу неругоҳҳо хеле зиёданд, ки на танҳо дар бунёди чунин сохтмонҳои азими кишварамон саҳм мегузоранд, балки қодир ҳастанд дар тендерҳои минтақавию ҷаҳонӣ ширкат варзида, ғолибият ба даст оранд. Онҳо қодир ҳастанд, ки қобилият ва маҳорати касбии худро дар чунин бунёдкориҳо нишон дода, ҷаҳониёнро ба тасхир оранд. Аз тарафи дигар, ин сохтмон манбаи такомул ва таъсири мутақобилаи таҷрибаи ҳамдигарӣ аст, ки дар таҳкими дӯстии халқҳо нақши бориз мегузорад. 
Бо бастани сарбанд ва ҷамъ шудани оби дарё, аз мавзеи Роғун то саргаҳи ноҳияи Нуробод баҳр бунёд хоҳад гашт, ки дарозии он 70 километр тул мекашад. Албатта, баъзе деҳаҳо кӯч мебанданд, баъзе мавзеъҳо зери об мемонанд, аммо табиати водӣ, муҳиту шароит дигар мешавад. Теппаҳо сабзазор мегарданд, шаҳракҳои лаби об пайдо мешаванд. Яке аз чунин шаҳракҳо Нуробод аст, ки ободонии он аз рӯйи нақшаи муайян босуръат идома дорад. Боғи истироҳатие, ки дар ин шаҳрак бунёд гардида, дар таҷдиду тармим қарор дорад, 11 гектар заминро фаро гирифта, дар он тамоми шароити истироҳат пешбинӣ шудааст. Ин боғ аз ҷиҳати масоҳат, тарзи ороиш, шароити истироҳат ва мавзеи ҷойгиршавӣ камназир аст. Бо пур шудани оби "баҳр" он ба яке аз боғҳои фароғатии лаби он табдил хоҳад ёфт. Дар болооби шаҳраки Нуробод дарозтарин пули мошингард бунёд мегардад, ки роҳи навсохтро ба ин шаҳрак ва ноҳияҳои болооби ин минтақа пайваст менамояд. НБО “Роғун” ҳамаи ин минтақаро ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил, сатҳу сифати зиндагии мардумро тағйир хоҳад дод. 
Мизи мудавваре, ки дар доираи сафар дар Донишкадаи омӯзгории Рашт дар мавзуи «Нақши ВАО дар таҳкими истиқлол» баргузор гардид, барои баррасии илмии мавзуъ, музокираву табодули таҷрибаи кори муҳаррирон басо судманд буд. Зимни баррасии масъалаи асосӣ, вазъ ва ҳолати нашрияҳои маҳаллӣ низ, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Аз ҷумла, муҳаррирони нашрияҳои маҳаллии «Оинаи Рашт», «Садои Конибодом», «Файзи Пешво» (Шаҳринав), «Истиқлол» (Темурмалик) аз таҷриба ва дастовардҳои худ нақл намуданд, ки шуниданӣ ва баҳрабардоранда буд. Зимнан, дар шароити рушди ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ, фаъолияти нашрияҳои даврии маҳаллӣ таҷдиди назар мехоҳад. Ин ҳолатро масъулини нашрияҳои даврӣ дарк намуда, кӯшиш мекунанд, ки дар баробари фаъолияти мақомоти ҳокимиятҳои маҳаллӣ, ҳаёти мардумро низ, инъикос намоянд, дастовардҳои кишварро тарғиб кунанд, сокинонро ба мутолиаи он ҷалб созанд, теъдоди обунаро афзоянд. Дар минтақа нашрияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт – «Оинаи Рашт»  пешсаф аст. Ин нашрия бо теъдоди 7076 нусха чоп мешавад, ки дар муқоиса ба се соли пеш ду баробар зиёд аст.
Дар маҷмуъ, «Корвони иттилоотӣ» иқдоми нек, созанда ва ваҳдатофар буд. Ин сафар на танҳо рӯзноманигоронро бо водии Рашт ва дастовардҳои навоҳии он ошно гардонд, балки ваҳдати касбии рӯзноманигоронро боз ҳам қавӣ намуда, ба ҳалли мушкилоти нашрияҳои даврии маҳаллӣ, андаке бошад ҳам, мусоидат кард. Корҳои созандагӣ ва бунёдкориҳои мардуми ин минтақаи кишварро, ки воқеан, зиёд буда, арзандаи тараннум аст, ба мардум бештар бояд ошно кард. 
 
Мурод МУРОДӢ,
профессор
Санаи нашр: 30.08.2023 №: 175
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив