ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

06 сентябр 2023, Чоршанбе
25
0

 

 
«РАВҒАНИ РУСТАНӢ.  ЧАРО КАМБУДИ АШЁИ ХОМ ҲАНӮЗ ҲАМ НИГАРОНКУНАНДА АСТ?!»
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон   маводи таҳлилии хабарнигори рӯзнома Кароматулло Аторо таҳти унвони «Равғани рустанӣ. Чаро камбуди ашёи хом ҳанӯз ҳам нигаронкунанда аст?!» (“Ҷумҳурият”, 24.04.2023, № 84) мавриди баррасӣ қарор дода, маълумоти зеринро пешниҳод менамояд. 
 
Соҳаи коркарди зироатҳои равғандиҳанда ва истеҳсоли равғани рустанӣ солҳои охир, дар баробари дигар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, тавассути воридоти технологияҳои муосир, аз ҷумла истеҳсоли Россия, Чин, Эрон, Чехия ва татбиқи он дар истеҳсолот, иқтидорҳои истеҳсолиро афзун намуда, истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати сифат рақобатпазирро ба роҳ монда аст. Истеҳсоли равғани рустанӣ дар истеҳсолот, асосан, бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ ба роҳ монда шуда, соле ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ 25 ҳазор тонна равғани рустанӣ истеҳсол мешавад, ки ба 18,3 дарсади талаботи аҳолии кишвар рост меояд (136,8 ҳазор тонна барои 10 миллион нафар).
Мавриди зикр аст, ки мутобиқи ҷадвали маҷмуи ҳадди ақалли маҳсулоти ғизоӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, меъёри равғани рустанӣ ба ҳар сари аҳолӣ 13,68 кг дар як сол муайян шудааст. 
Айни замон, гарчанде иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои коркард имконияти бамаротиб зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли равғани рустаниро дошта бошанд ҳам, вале қонеъкунанда набудани ҳаҷми истеҳсоли зироатҳои равғандиҳанда, хусусан чигити пахтаи дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ва гаронии нархи ашёи хоми воридотӣ, боиси монеи фаъолияти самаранок ва истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози нарх рақобатпазир гашта истодааст. Масалан, соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли чигити пахта 189,1 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар сурати коркарди ин миқдор ба ҳисоби миёна истеҳсоли 22,7 ҳазор тонна равғани рустанӣ бо меъёри баромади 12 дарсад имконпазир мебошад. Ҳоло он ки барои таъмини пурраи талаботи аҳолӣ бо равғани рустанӣ ҳадди ақал 1140 ҳазор тонна чигити пахта зарур мебошад. 
Бинобар набудани имконияти таъмини пурраи корхонаҳои равғанбарорӣ бо чигити пахтаи ватанӣ, тавассути васеъгардонии майдонҳои кишти дигар зироатҳои равғандиҳанда, ба монанди офтобпараст, лӯбиё, кунҷит ва зағир, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли равғани рустании ватанӣ ва коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолии кишвар аз равғани рустании воридотӣ  имконпазир мегардад.
 
И. ҚУРБОНЗОДА, 
муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав
Санаи нашр: 05.09.2023 №: 178
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив