ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. ТАҲТИ ТААССУРОТИ ИЛҲОМБАХШ АЗ САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВМКБ. ТАҲТИ ТААССУРОТИ ИЛҲОМБАХШ АЗ САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

06 сентябр 2023, Чоршанбе
18
0
 
– Сокинони  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯзҳо таҳти таассуроти неку илҳомбахш аз ташрифи навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят қарор доранд ва ин сабаб дорад, – гуфт дар нишасти матбуотӣ раиси вилоят Алишер Худобердӣ Мирзонабот. Ба гуфтаи раиси вилоят, ҳар як сафари Пешвои миллат ба ин ё он минтақаи кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Бадахшон, ободӣ, файзу баракати фаровон меорад ва ба рушду пешрафти соҳаҳои гуногун такони ҷиддӣ мебахшад. Ташрифи Роҳбари давлат, ки дар остонаи 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ҷараён гирифт, далели ин гуфтаҳост.  
Дар ҷараёни ташрифи имсола бо иштироки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 23 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд. Дар пешорӯи ин сафар, инчунин бо иштироки намояндагони Ҳукумати мамлакат дар ҳудуди вилоят 45 иншооти аҳамияти иҷтимоию иқтисодидошта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.  
 Раиси вилоят таъкид намуд, ки новобаста аз буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ ва вазъи печидаи сиёсии ҷаҳон дар нимсолаи аввали соли 2023 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят тавонист бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат ва меҳнати софдилонаи мардуми сарбаланди Бадахшон дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ натиҷаҳои дилхоҳ  ба даст оварад.
Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят дар шаш моҳи соли равон аз рӯи даромади худӣ 104,4 фоиз таъмин гардид. Аз нақшаи пешбинишуда 3 073 710 сомонӣ  ба  буҷети вилоят зиёдтар маблағ ворид гардид.  
То ба ҳол 94 корхона ва коргоҳҳои саноатии вилоят ба маблағи 93 миллиону 223 ҳазор сомонӣ  маҳсулот истеҳсол  карданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3,8 фоиз, ё  4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят мавриди истифода қарор додани  92  корхонаи саноатӣ бо 1437 ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, соли равон дар  шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят 29 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ бо 374 ҷойи нави кор ба истифода дода мешаванд. 
Зикр гардид, ки дар арафаи ташрифи навбатии Пешвои миллат 10 корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истифода дода шуд. Дар доираи супориши раиси вилоят аз ҷониби  раисони шаҳру ноҳияҳо барои ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда чораҳои амалӣ андешида мешаванд.
Раиси вилоят дар ҷавоб ба пурсиши рӯзноманигорон дар робита ба фаъолияти идораю муассисаҳои роҳсозӣ дар нимсолаи аввал, зикр кард, ки дар ин самт амалисозии 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағгузории зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад. Аз аввали сол таъмири 54,1 километр роҳ ба маблағи қариб 300 ҳазор сомонӣ анҷом дода  шуд. Айни ҳол дар вилоят 64 хатсайри мусофирбарӣ фаъолият менамояд, ки 2-тои он байналмиллалӣ, 5-то байнишаҳрӣ, 50-то наздишаҳрӣ ва 4-тои дигар дохилишаҳрӣ мебошанд. Соли равон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят 26 автобус тақдим гардид ва дар ин замина Корхонаи воҳиди давлатии “Бадахшоннақлиёт” таъсис дода шуд.
 Раиси вилоят рушди соҳаи сайёҳиро аз вазифаҳои афзалиятноки мақомотҳои иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят маънидод намуда, зикр кард, ки айни ҳол дар вилоят 50 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад. Дар шаш моҳи соли равон 4807 сайёҳ аз вилоят дидан намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 2 ҳазор нафар зиёд мебошад. Вобаста ба ин масъала, раиси вилоят, инчунин, таъкид дошт, ки ҳанӯз ҳамаи имконоти вилоят дар самти сайёҳӣ пурра истифода нашудааст. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.09.2023 №: 179
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив