ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТЕРРОРИСТОН БЕЗАРАР ВА НАҚШАИ ТЕРРОР ХУНСО КАРДА ШУД

ТЕРРОРИСТОН БЕЗАРАР ВА НАҚШАИ ТЕРРОР ХУНСО КАРДА ШУД

06 сентябр 2023, Чоршанбе
45
0
 
Шаби 29 ба 30 августи соли ҷорӣ се узви ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ, хатти сарҳади  Афғонистону Тоҷикистонро дар минтақаи Кеврони ноҳияи Дарвоз  вайрон намуданд.
 
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. 
Тибқи иттилои манбаъ, далели мазкур сари вақт аз тарафи сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ошкор гардида, гурӯҳи махсуси амалиёти зиддитеррористӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд. Дар натиҷа, қаламрави масири ҳаракати террористон дар минтақаи наздисарҳадӣ иҳота ва зери назорат гирифта шуд.
Субҳи 5 сентябри соли ҷорӣ, дар лаҳзаи мувофиқ, дастаи зиддитеррористии амниятӣ ҳалқаи иҳотавиро дар макони будубоши террористон маҳдуд сохта, аз аъзоёни гурӯҳи террористӣ талаб намуд, ки таслим шаванд, вале террористон ба амри кормандони мақомоти амният итоат накарда, аз тамоми намуди силоҳи дар ихтиёрдоштаашон оташ кушоданд.
Дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ, се узви гурӯҳи террористии саропо мусаллаҳ маҳв шуд. Дар ҳамин ҳол, маълум гардид, ки дар баробари силоҳҳои дар ихтиёри террористон қарордошта, қаблан, аз ҳудуди кишвари ҳамсоя миқдори ҳаҷман калони аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, воситаҳои алоқа барои таъмини террористон интиқол ва дар пинҳонгоҳ ҷой карда шудаанд. Неруҳои вижаи КДАМ дар идомаи амалиёт дар ҷойи ҳодиса ва пинҳонгоҳи махфӣ силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла 5 автомати "Калашников", 2 силоҳи снайперии М-16 (истеҳсоли ИМА), 1 карабини М-4 (истеҳсоли ИМА), 1 таппончаи тамғаи JF (ИМА), 1 таппончаи «Беретта» (Италия), 2 таппончаи СZ Р07 (Чехия), 9 норинҷаки дастии Ф-1, 4 норинҷаки GP М-67 (бо ҳалқача), 22 тирдони автомат "Калашников"  ва АК-7,62, 31 тирдони М-16, 10 тирдони таппонча, 448 дона тири 7,62 мм,  2 632 дона тири 5,56 мм, 477 дона тири таппончаи 9 мм, 50 дона тири таппончаи «Глок», 2 дурбини автомати М-4, 1 дурбини шаббини автомати М-16, 1 асбоби лазерии нишонгири автомати М-4, 4 садохомӯшкунаки  (глушители) автомати М-4, 30 пластид (маводи таркандаи S-4, (истеҳсоли ИМА) бо имконоти тахрибии махсусан калон, 162 капсул-детонатори тамғаи «Shan», 5 воситаи тарконандаи махсус, 2 таҷҳизоти идоракунандаи фосилавии маводи тарканда, 1 рулон таноби оташбар, 1 асбоби ченкунии электронии моҳворавии мавқеъ ва масофаи ҷойгиршавии ҳадафи мавриди назар, 105 батареяи электронии қувватдиҳанда, 2 соати электронии идоракунии маводи тарканда, 1 соати механикии танзимкунандаи маводи тарканда, 3 бастаи сими махсус барои пайвастсозӣ ба маводи тарканда  (дарозии ҳар кадом ба андозаи 150 метр), 1 дурбини шаббин, 1 дурбини одӣ, 4 ратсияи «ICOM», 2 ратсияи «Кобра», 4 антеннаи захиравии ратсия, 1 қувватдиҳандаи батарея, 5 ноқили USB, 1 ноқили AUX, 2 микросхема барои идоракунии маводи тарканда, 5 флешкорт, 10 ҳазор доллари ИМА, дору ва воситаҳои тиббӣ, адабиёти динӣ-ифротӣ, дафтарҳои аъзои гурӯҳи террористӣ бо харита, нишонаҳо, рӯйнависҳои тарзи омода кардани маводи тарканда, шаклҳои ҷойгир кардани онҳо дар хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои давлатӣ, макони серодам ва дигар санадҳо дарёфт ва мусодира гардиданд.
Дар натиҷаи таҳқиқ, озмоиши маводу ҳуҷҷатҳои мусодирашуда  ва ҷасади террористон, муайян гардид, ки онҳо аъзои ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” мебошанд:
1. Бобоҷонов Зариф Маҳмудҷонович (бо лақаби Усмон), зодаи деҳоти Кулканди шаҳри Исфара, яке аз саркардагони ташкилоти террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ»;
2. Баҳодуров Фарҳод Башарович (лақабаш Абу Мусъаб), зодаи деҳаи Шербегиёни деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод;
3. Қосимов Аҳтам Султонович (лақабаш Убайда), зодаи шаҳри Кӯлоб.
Зимнан, таъкид мешавад, ки нисбат ба аъзои гурӯҳи террористии мазкур қаблан бо моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо) парванда оғоз гардида, номбурдагон дар ҷустуҷӯ қарор доштанд.
Талоши аъзои ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ҷиҳати ноором сохтани вазъият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал нест. Қаблан, 26 апрели соли ҷорӣ 2 узви ин ташкилот бо мақсади анҷом додани актҳои террористӣ хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистонро дар мавзеи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ  рахна карда, ба хоки Тоҷикистон ворид гардида буд. Дар натиҷаи гузарондани амалиёти зиддитеррористӣ, ҳар ду террорист маҳв шуд.
Таҳлил ва арзёбии далелҳои муътамад нишон медиҳад, ки ин амалиётҳои террористӣ аз ҷониби хадамоти махсус мақсаднок тарҳрезӣ  шуда, гурӯҳҳои террористии мазкур таҳти роҳнамоии чунин сохтор омодагии ҷангӣ дидаанд. Бо силоҳу муҳимот, маводи тарканда таъмин ва ҳамчунон маблағгузорӣ гардидаанд.
Тибқи иттилои КДАМ, айни ҳол аз рӯйи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд.
 
«ҶУМҲУРИЯТ»
Санаи нашр: 06.09.2023 №: 179
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив