ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОБЁРӢ. ТАТБИҚИ БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

ОБЁРӢ. ТАТБИҚИ БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

07 сентябр 2023, Панҷшанбе
51
0
 
Тавре директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода  иброз дошт, дар ҷумҳурӣ 405 дастгоҳи обкашӣ ва 54 чоҳи амудӣ бо истифодаи 7,78 миллион кВт/соат неруи барқ дар як шабонарӯз фаъолият намуда, заминҳои кишоварзиро бо оби обёрӣ таъмин  карда истодаанд. Ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ дар ин давра 2,45 миллиард метри мукааб об бароварда шудааст. 
 
Бо вуҷуди он ки идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ  уҳдадориҳои шартномавии худро дар назди истифодабарандагони об оид ба таъминот бо оби обёрӣ пурра иҷро карда бошанд ҳам, истифодабарандагони об, хусусан хоҷагиҳои кишоварзӣ, ҳаққи хизмати обрасониро сари вақт ва бо ҳаҷми пурра пардохт намекунанд. Бинобар ин, қарздорӣ аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ афзоиш ёфта,  бақияи он бо назардошти солҳои пеш 168,3 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин, дар навбати худ, боиси афзоиши қарзҳои кредиторӣ, аз ҷумла қарзи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳамаи намуди андозҳо, гардидааст. 
Соли равон барои иншооти сохтмони асосии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети мутамарказ 17,1 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, бо ин маблағ азхудкунии 240 гектар заминҳои нав, беҳтар намудани таъминоти об дар 3620 гектар замин, соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 0,9 километр, парма кардани 1 адад чоҳи амудӣ ва кашидани лӯлаи обгузар ба дарозии 1,6 километр ба нақша гирифта шудааст. 
Дар нимсолаи аввали соли равон дар иншооти сохтмони асосӣ ба маблағи 8,26 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба иҷро расида, корҳо дар ин самт идома доранд.
Айни замон дар соҳа чор барномаи давлатӣ татбиқ шуда истодааст. Ҳамзамон, соли равон аз ҷониби Агентӣ ду лоиҳаи барномаҳо омода ва  қабул карда шуд.  Аз ҷумла, дар доираи Барномаи «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» соли равон беҳтар гардондани ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 9602 гектар замин ба маблағи 10 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби идораҳои  зертобеи Агентӣ ба маблағи 7,3 миллион сомонӣ (72 фоизи нақшаи солона) корҳои мелиоративӣ ба анҷом расонда, ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 5358 гектар замин (56 фоизи нақшаи солона)  дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беҳтар карда шуд. 
Тибқи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» дар ин давра 159,7 гектар замини нав аз худ шуд.  Аз ҳисоби заминҳои боир ва холимонда 72,8 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид гашта, дар маҷмуъ, 232,5 гектар  замин ба истеҳсолоти кишоварзӣ ворид гашт.
Дар доираи “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ ба дарозии 11649 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ иҷро гардиданд. Барои гузарондани мавсими селоб ва обхезиҳои дарпешистода дар мавзеъҳои осебпазири ҷумҳурӣ 2766 тахтасанги оҳану бетонӣ васл ва 10565 адад чунин тахтасангҳо захира шуданд.
Ҳамчунин, барои дастгирии соҳаи обёрӣ дар назди Агентӣ се лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 135,3 миллион доллари ИМА татбиқ шуда истодааст, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таъмиру барқарорсозии иншооти обёрӣ ва инфрасохтори он равона гардидааст. Азхудкунии маблағҳо дар ин давра 7,1 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 
Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба танзим ва дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва ҷиҳати устувор намудани фаъолияти он дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 353 ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият менамояд, ки  ба 417,5 ҳазор гектар ё  ба 53 фоизи заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ хизмат мерасонад. 
Ба гуфтаи Зафарбек Давлатзода, вазифаҳои муҳимтарини Агентӣ барои нимсолаи дуюми соли равон муташаккилона гузарондани мавсими обёрӣ, таъмин намудани нақшаҳои азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, беҳтар сохтани ҳолати мелиоративии заминҳо, андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хатари селу обхезиҳо ва таъмини бехатарии аҳолӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ аз таъсири зиёновари онҳо, андешидани тадбирҳои зарурӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати ба таври зарурӣ маблағгузорӣ намудани барномаҳои давлатии қабулгардида вобаста ба соҳа мебошанд.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.09.2023 №: 180
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив