“СЕМЕНТИ ТОҶИК”. МАКТАБИ ТАРБИЯИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН
ҶСК “Сементи тоҷик” ягона корхонаи саноатие мебошад, ки портландсементи ба сулфат тобовари М 400 истеҳсол мекунад.
Гарчанде ҶСК “Сементи тоҷик” дар даврони шуравӣ сохта, ба истифода дода шуда бошад ҳам, бо як иқтидорӣ қаноатбахш кор карда истодааст.
Бояд зикр намуд, ки ҶСК “Сементи тоҷик” барои дастгирӣ ва тайёр кардани мутахассисони ҷавони болаёқат пайваста кӯшиш менамояд. Алалхусус, дар самти энергетикӣ, механикӣ, таҳлилӣ, челонгарӣ, кафшергарӣ барқию газӣ ва дигар касбҳо, мутахассисони ҷавонро тарбия ва роҳнамоӣ мекунад.
Ин аст, ки энергетикҳои ҶСК “ Сементи тоҷик” дар хориҷ низ маҳорату таҷрибаи худро нишон дода, Ватани азизамонро муаррифӣ намуданд.
Мо ифтихор аз он мекунем, ки маҳсулоти асосии сохтмонии НБО “Роғун”-ро, ки семент аст, ҶСК “Сементи тоҷик” таъмин менамояд.
Мо, ҷавонони даврони истиқлолият, шукрона аз сулҳу ваҳдат, оромию осудаҳолӣ, дастархони пур аз нозу неъмат карда, кӯшиш менамоем, ки тамоми неруву ғайрати худро барои боз ҳам баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ равона созем.
Шавқатҷон ЛОИҚОВ,
муовини сарэнергетики ҶСК “Сементи тоҷик”
Санаи нашр: 07.09.2023 №: 180
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)