ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ИСТИҚОМАТӢ БАРОИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ 

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ИСТИҚОМАТӢ БАРОИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ 

12 сентябр 2023, Сешанбе
14
0
 
8-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави истиқоматиро барои хизматчиёни ҳарбӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар ин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, калиди  хонаҳои истиқоматиро ба кормандони шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуданд. Афсарон ва оилаҳои онҳо, ки дар арафаи таҷлили Ҷашни бошукӯҳи миллӣ – 32-солагии Истиқлоли давлатӣ соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ гардиданд, ба Пешвои миллат барои чунин ғамхорӣ ва дастгириҳои ҳамешагиашон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд. 
Иншоот якҷо бо майдончаҳои варзишию бозӣ барои кӯдакон, дар масоҳати беш аз 5 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду ошёна, 24 хона ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2019 бо ҷалби беш аз 70 нафар коргару мутахассисони маҳаллӣ оғоз гардида буданд. Имрӯз бинои нав дар вазъияти тантанавӣ бо сифати баланду ҷавобгӯ ба талаботи меъморию сохтмонӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки барои хизматчиёни ин ниҳоди ҳарбӣ туҳфаи арзандаи ҷашнӣ ба шумор меравад. Дар бинои нави истиқоматӣ, маҷмуан, 16 хонаи якҳуҷрагӣ ва 8 хонаи дуҳуҷрагӣ ҷойгиранд, ки ҳар яки онҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ ва ҷиҳози рӯзгор таъмин мебошанд.      
Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар давоми бист соли охир наздики 500 корманди Гвардияи миллӣ бо хонаҳои истиқоматии хизматӣ таъмин шуд ва имрӯз барои ҳимояи давлати соҳибистиқлол содиқона хизмат менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардидаи бинои нави хизматӣ ва суҳбати самимӣ бо хизматчиёни Гвардияи миллӣ, ки имрӯз барои ҳифзи марзу буми Ватан ва солимии ҷомеа дар шифохонаи ҳарбӣ содиқонаю ҷавонмардона хизмат ва фаъолият доранд, таъкид намуданд, ки беҳтар кардани инфрасохтори зарурӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба кормандони  сохторҳои ҳарбӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар ин самт марҳала ба марҳала  тадбирҳои муҳим амалӣ мешаванд.
Дар саҳни бинои навтаъсис барои машғулияти афсарони шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллӣ майдончаи варзишии бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол ва майдончаи бозӣ барои кӯдакон бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ сохта шудаанд, ки минбаъд дар ин ҷо истиқоматкунандагон метавонанд дар баробари ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шудан, ҳамзамон, истироҳати худро комил созанд.
Дар идомаи корҳои сохтмонӣ барои дар фасли зимистон таъмин намудани бино ва хонаҳои истиқоматӣ бо гармӣ иншооти махсус – таҷҳизоти муосири электрикии каммасраф, насб шудааст.  
Маврид ба таъкид аст, ки 24 афсаре, ки соҳиби хонаҳои хизматӣ шуд, дар шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллӣ фаъолият намуда, саҳми онҳо дар ҳифзи солимии ҷомеа, аз ҷумла пешгирӣ ва табобати бемориҳои гуногун, назаррас аст. Дар замони истиқлоли давлатӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои асосӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасони он навсозӣ шуд ва шароити хизматрасонии тиббӣ ба талаботи замон мутобиқ гардид. Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллӣ аз шуъбаҳои асаб, сироятӣ, пӯст, шуъбаи бемориҳои дарунӣ, физиотерапия, эҳёгарӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, барои сари вақт ба табобат фаро гирифтани беморон ва гузарондани ҷарроҳӣ мутахассисони ботаҷриба ҷалб гаштаанд.
Санаи нашр: 09.09.2023 №: 182-183
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив