ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАРОСИМИ СУПУРДАНИ РУТБАҲОИ ҲАРБӢ

МАРОСИМИ СУПУРДАНИ РУТБАҲОИ ҲАРБӢ

12 сентябр 2023, Сешанбе
50
0
 
8-уми сентябр  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  як қатор  хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи  генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаро бо рутбаи олии ҳарбии генерал-майор ва рутбаи дараҷавии Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 қадр намуданд.
 
Президенти мамлакат иброз доштанд, ки хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар воҳидҳои низомӣ дар замони соҳибистиқлолӣ аз худ матонату маҳорати баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, дар таъмини амнияту субот, ҳифзи дастовардҳои миллат ва ваҳдати сартосарӣ нақши муассир доранд.
– Ҳукумати мамлакат низ хизматҳои фарзандони содиқу  далер ва матиниродаи Ватанро пайваста қадр намуда, онҳо бо шароитҳои арзандаву шоистаи хизмату зиндагӣ фаро гирифта мешаванд, – таъкид намуданд Пешвои миллат.
Санаи нашр: 09.09.2023 №: 182-183
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив