ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАЁНГАРИ ҚУДРАТУ ТАВОНМАНДИИ ДАВЛАТ АСТ

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАЁНГАРИ ҚУДРАТУ ТАВОНМАНДИИ ДАВЛАТ АСТ

12 сентябр 2023, Сешанбе
44
0
 
Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз дастовардҳои муҳими истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб рафта, он бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми соҳибистиқлолии мамлакат рушду нумӯ ёфтааст.
18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Сарвари давлат) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи Фронти халқӣ ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, ташкил ёфт. Беш аз сӣ сол муқаддам – 23 феврали соли 1993, нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.
Албатта, бунёд ва тақвият бахшидану ба неруи пурқудрат табдил додани Артиши миллӣ барои Тоҷикистони тозаистиқлол, ки дар марҳалаи гузариш ба низоми нави давлатдорӣ қарор дошт, кори осон набуд. Қатъи назар аз вазъи ниҳоят душвор ва бисёр ҳассос барои кишвар, дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ҷиҳати мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳдошти шароити хизмативу маишӣ, заминаҳои моддӣ-техникӣ ва боз ҳам хубтару беҳтар кардани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ менамуданд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсис се марҳиларо паси сар намудааст: марҳилаи аввал, ки, аллакай, пушти сар шуд, давраи ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки муваффақона анҷом ёфт. Дуюм, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки ҳоло ҳам давом дорад. 
Даври асосӣ – ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. 
Айни ҳол дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият дорад: Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои хушкигард ва Қӯшунҳои зудамал.
Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ давоми солҳои истиқлоли миллӣ озмоишҳои сахту сангинро пушти сар карда, рисолати касбии худро иҷро карда тавонистанд ва таҳти роҳнамоии Пешвои миллат ба як неруи пурзӯру тавоно табдил ёфта, ба комёбиву муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо омодабошии доимии ҷангӣ қодир аст, ки вазифаҳои муқаддасу пуршарафи хешро вобаста ба ҳифз ва ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, муҳофизати манфиатҳои давлат ва амнияти шаҳрвандон адо намояд ва дар роҳи баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар бо ҳам қадамҳои устувор гузорад.
 
Шералӣ МИРЗО,
вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-полковник
Санаи нашр: 09.09.2023 №: 182-183
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив