ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ. ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ДОШТ

ДУШАНБЕ. ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ДОШТ

12 сентябр 2023, Сешанбе
18
0
 
9-уми сентябр дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд боздид намуданд.
Масоҳати Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» 30 гектарро ташкил дода, дар роҳравҳои марказии он намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ташкил гардид. Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки дар дигар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ҳам баргузор мегардад, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни миллии 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шуд.
Дар намоишгоҳи сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили полизиҳо, меваҷот, сабзавоти тару тоза, молҳои саноатӣ, хӯрокворӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан, машрубот, консерваҳо, маҳсулоти қаннодӣ, нассоҷӣ, қолинбофӣ, пойафзол ва ғайра пешниҳоди мардум гардид.
Ҳунарҳои мардумӣ, катҳои бо нақшу нигори миллӣ кандакоришуда, маҳсули дасти ҳунармандони чирадаст, оҳангарон, дуредгарон, либосҳои миллии занона ва мардона гӯшаҳои дигари намоишгоҳро зебу зинат доданд.
Дар гӯшаҳои алоҳидаи боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз тарафи ошпазҳо ва кадбонувон хӯрокҳои гуногун, оши палов, нонҳо ва шириниҳои гуногун омода ва пешкаш гаштанд. Илова бар ин, дар доираи намоишгоҳ, барои фароғати меҳмонон барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ва баромади ҷавонону наврасони риштаҳои гуногуни варзиш таҳия ва намоиш дода шуданд.
Зимни боздид аз намоишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, бо дастовардҳои арзандаи сокинони вилояти Суғд, ки дар гӯшаҳои алоҳида бо нақшу нигор ва тарҳи зебо омода гардида буданд, ошноӣ пайдо намуданд.
Сокинони вилояти Суғд дар маҷмуъ, 1500 тонна молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатиро ба пойтахт оварда, дар намоишгоҳ ба маъраз гузоштанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзон ва саноаткорони вилоят суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро ба афзоиши истеҳсоли маҳсулот, ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ бастабандӣ кардани молҳо, истифодаи самараноки заминҳо, захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат ҳидоят намуданд.
Дар намоишгоҳ ба масъалаи ҷамъоварӣ, коркард ва ба бозор баровардани нӯшобаҳою консерваҳо аз меваю алафҳои табиӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд, зеро таъму сифати ин гуна маҳсулоти шифобахш баланд буда, талабот ба онҳо дар бозори ҷаҳон зиёд аст.
Дар роҳравҳои боғ намояндагони хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ миқдори зиёди картошка, пиёз, каду, тарбузу харбуза ва меваҷотро пешкаши мардум карданд.
Дар як гӯшаи боғ коргарони ҶДММ “Корпоратсияи моҳии тоҷик”-и вилояти Суғд навъҳои гуногуни моҳӣ ва маҳсулоти аз онҳо омодашударо пешкаш намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи моҳипарварӣ дар дарёчае, ки аз ҳудуди боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ мегузарад, даҳ ҳазор моҳичаи навъи “амури сафед”-ро сар доданд.
Дар қисми дигари боғ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Дар ин ҷо, асосан, маҳсулоти гуногуни корхонаҳои саноатӣ, меваю сабзавоти бозорҳои пойтахт ва маҳсули дасти ҳунармандон ба маъраз гузошта шуда, барномаҳои варзишӣ, ҳунарнамоии аҳли фарҳанги пойтахт ва намунаи зебои сарулибоси миллӣ пешкаш гардиданд.
Саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ба шумор меравад. Ба хотири татбиқи он, Барномаи саноатикунонии босуръати мамлакат барои солҳои 2020-2025 қабул гардида, солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат эълон шуд.
Бояд гуфт, ки, дар асоси барномаҳои давлатии рушди соҳаи саноат, нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, ки тибқи он бояд давоми солҳои 2022 – 2026-ум 100 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шавад. То имрӯз дар доираи иҷрои ин чорабиниҳо 25 корхона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, бунёди 50 корхонаи дигар идома дорад.
Тайи панҷ соли охир дар пойтахт бо дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои татбиқи панҷ лоиҳаи инвеститсионӣ 3 миллиард сомонӣ ҷалб гашт.
Дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022 – 2026) дар пойтахти мамлакат сохтмон ва таҷдиду навсозии 71 коргоҳу корхона бо таъсиси 5193 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шуда, соли гузашта 26 корхона ва дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 10 корхона бунёд ёфт. Дар 8 моҳи соли 2023-юм 749 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба маблағи 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд. Инчунин, соли 2023 дар корхонаҳои шаҳр 1195 ҷойи кор, аз он 1045 доимӣ, 46 муваққатӣ ва 103 мавсимӣ ташкил шуд.
Дар намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии пойтахт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти баландсифати корхонаҳои саноати хӯроквории шаҳри Душанбе шинос гашта, ба масъулон ҷиҳати истеҳсоли маводи бозоргир ва таъмини бозорҳо бо он дастуру супоришҳо доданд.
Баъди боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ҷиҳати ташкили сатҳи баланди намоишгоҳ ба муносибати Ҷашни Истиқлоли давлатӣ баҳои арзанда доданд.
Дар сатҳи баланд баргузор кардани намоишгоҳ нишонаи серию пурии мардуми тоҷик ва фаровонҳосилии зироатҳои ғалладонаӣ, полизӣ ва сабзавоту меваҷот мебошад, ки бо заҳмати марди деҳқон бо истифодаи пурсамар аз заминҳои кишоварзӣ ба даст омадааст.
Мавриди зикр аст, ки дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни муқаддаси Истиқлоли давлатӣ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор мешаванд.
Санаи нашр: 09.09.2023 №: 182-183
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив