ТАБРИКОТИ роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Ҷашни Истиқлоли давлатӣ
Ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид
Антониу Гутерриш:
“Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон табрикоти самимии худро мерасонам.
Аз камбизоатӣ ва нобаробарӣ то муноқишаҳои хушунатомез ва тағйирёбии иқлим, мушкилоте, ки ҷаҳони мо рӯ ба рӯ мешавад, амалҳои дастаҷамъонаро дар ҳамбастагӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ тақозо мекунад.
Ояндаи беҳтар аз ҳар як кишвар тақозо мекунад, ки берун аз марзҳои миллии худ нигоҳ кунад ва талошҳоро барои пешбурди сулҳ, ҳуқуқи инсон, шукуфоӣ ва рушди устувор барои ҳамаи одамон, сарфи назар аз он ки дар куҷо зиндагӣ мекунанд, дастгирӣ намояд.
Созмони Милали Муттаҳид бо тамоми мардуми Тоҷикистон дар таҷлили рӯзи махсуси Шумо ҳамроҳ мешавад ва аз идомаи ҳамкории минбаъдаи худ барои таъмини ояндаи беҳтар, солимтар ва бехатари одамон ва сайёра умедвор аст.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми олии маро қабул намоед”.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон
Сайид Иброҳим Раисӣ:
“Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти муҳтарами
Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ассалому алайкум.
Фаро расидани солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо – Ҷаноби Олӣ ва мардуми кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон, самимона табрик мегӯям.
Ягонагии фарҳангӣ, таърихӣ, забонӣ, пайвандҳои муштарак ва табодули ҳайатҳои олирутба нақши қобили таваҷҷуҳе дар густариш ва идомаёбии ҳамкориҳои дуҷониба доштааст.
Умедворам, дар партави талошҳои муштарак беш аз пеш шоҳиди густариши рӯзафзуни равобит миёни ду кишвар дар ростои манфиатҳои мутақобил, рушду тавсеа ва амнияти минтақавию байналмилалӣ бошем.
Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти Шумо ва беҳрӯзию саодати миллати шарифи тоҷиконро талаб дорам”.
Президенти Ҷумҳурии Туркия
Реҷеп Тайип Эрдоган:
“Муҳтарам Президент!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсту бародари Тоҷикистонро шахсан аз номи худам ва аз номи мардуми Туркия бо самимонатарин таманниёт муборакбод мегӯям.
Тамоми пешравиҳои Тоҷикистонро, ки тули давраи соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳо ба даст овардааст, мо бо камоли хушнудӣ пайгирӣ намуда, хоҳони пойдор мондани ин равнақи рӯзафзун ҳастем.
Бовари комил дорам, ки муносибату ҳамкориҳои мо, ки аз пайвандҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ неру мегиранд, дар ростои рифоҳ ва манфиати тарафайни мардумонамон боз ҳам қавитар мегарданд.
Бо истифода аз ин фурсат, беҳтарин таманниёти хешро баҳри тансиҳативу хушбахтии Ҷаноби Олӣ ва беҳбудиву осудаҳолии мардуми дӯсти Тоҷикистон иброз менамоям”.
Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ:
“Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Иҷозат фармоед, Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Мисри Араб ва аз номи худам ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба Шумо сиҳату саломатӣ, муваффақиятҳои бардавом ва пешравию беҳбудии минбаъда ба кишваратон орзу намоям.
Ба ин муносибат мехостам равобити мустаҳками таърихиеро, ки ду кишварамонро ба ҳам мепайванданд, кадр намуда, изҳори умедворӣ намоям, ки солҳои оянда Миср ва Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда барои ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо тавассути ҳамкориҳои густурда ба манфиати неки ду мардуми бародар баҳра хоҳанд бурд.
Лутфан, муҳтарам ҷаноби Президент, эҳтиром ва миннатдории маро қабул намоед”.
Подшоҳи Нидерланд Виллем-Александр
Клаус Георг Фердинанд:
“Ҷаноби Олӣ, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Дар Рӯзи Ҷашни миллии давлататон иҷозат фармоед, ба Ҷаноби Олӣ табрикот ва таманниёти беҳтарини худро бобати некуаҳволии мардуми Тоҷикистон бирасонам”.
Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон
Драупади Мурму:
“Ҷаноби Олӣ!
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҳиндустон ва шахсан аз номи худам ба Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва мардуми дӯсти Тоҷикистон ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрикоти самимӣ мерасонам.
Тоҷикистон дар ҳамсоягии Ҳиндустон ҷойгир буда, бо мо тули беш аз ду ҳазорсола робитаҳои муштараки фарҳангӣ, забонӣ ва тамаддунӣ дорад. Ин раванд тариқи рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими риштаҳои дӯстӣ, эътимод ва эҳтироми байни мардумони ду кишвар боз ҳам мустаҳкамтар гардидааст.
Ҷаноби Олӣ, бо истифода аз фурсати муносиб, беҳтарин таманниёти худро ба Шумо иброз намуда, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаро таманно дорам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми олии маро қабул намоед”.
Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл:
“Муҳтарам ҷаноби
Президент!
Табрикоти самимии маро ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Тайи солҳои охир мамлакатҳои мо муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро барқарор намуданд. Ман ба рушди минбаъдаи онҳо, инчунин, ба таҳкими мубодила ва дӯстии байни ҳалқҳоямон умед дорам.
Ба Шумо аз самими қалб тансиҳатӣ ва саодат ва ба Тоҷикистон шукуфоии бардавом орзумандам”.
Президенти Ҷумҳурии Ироқ доктор Абдулатиф Ҷамол Рашид:
“Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Боиси хушнудист, ки аз номи мардуми Ироқ ва шахсан аз номи худам ба Шумо – Ҷаноби Олӣ, ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии кишваратон табрикоти самимӣ иброз дошта, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон пешрафту сарбаландиро таманно мекунам.
Бо истифода аз ин муносибати нек, ҳавасмандии инҷонибро ҷиҳати тақвияти муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвар ва ду мардуми ба ҳам дӯст дар тамоми арсаҳо иброз медорам”.
Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии
Шри-Ланка Ранил Викрамасингҳе:
“Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли мамнуният аз номи Ҳукумат ва мардуми Шри-Ланка ба Шумо, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринамро ба муносибати Иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор менамоям.
Мутмаинам, ки робитаҳои қавии дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар минбаъд низ густариш ёфта, дар ҷодаи таъмини некуаҳволӣ ва шукуфоии мардумонамон солҳои оянда саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Хоҳишмандам, изҳори ғояти эҳтиром ва орзуҳои маро баҳри саломатӣ, хушбахтӣ ва рифоҳи шахсии Шумо, инчунин, таманниёти пешрафти босубот ва шукуфоии мардуми Тоҷикистон қабул фармоед”.
Президенти Давлати Фаластин Маҳмуд Аббос:
“Ҷаноби Олӣ, бародар Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Худо ҳифзатон кунад.
Бо арзи салом, боиси хушнудист, ки Шумо, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро аз номи Давлати Фаластин, мардуми он ва аз номи худам ба муносибати таҷлили Ҷашни пуршарафи Истиқлоли давлатӣ аз самими дил табрику таҳният намоям.
Умедворем, ки ин Ҷашни миллӣ бароятон саломатии бардавом, саодатмандӣ ва комёбӣ оварад ва кишвару мардуми Тоҷикистон ба пешрафту шукуфоии бештар ноил гарданд.
Тамоюли худро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳоямон дар асоси дӯстӣ ва ҳамкорӣ баён намуда, ба мавқеи Шумо нисбат ба мардуми Фаластин ва қазияи одилонаи он баҳои баланд медиҳам.
Ҷаноби Олӣ, эҳтиром ва муҳаббати бепоёни бародаронаи моро бипазиред”.
Подшоҳи Белгия Филипп:
“Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Таҷлили Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароям имкон медиҳад, ки ба Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми Тоҷикистон табрикот ва таманниёти саодатмандию шукуфоиямро бирасонам”.
Номаҳои табрикотӣ, ҳамчунин, аз номи Подшоҳи Испания Филиппи VI, Президенти Гурҷистон Саломе Зурабашвили, Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Эммерсон Дамбудзо Мнангагва, Раиси Шурои давлатӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Иттиҳоди Мянма Мин Аун Хлайн, Валиаҳд, муовини Раиси Шурои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, ноиби Амир ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин ва Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусейн Иброҳим Тоҳо ворид гардиданд.
Санаи нашр: 09.09.2023 №: 182-183
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
10 сентябр 2024, Сешанбе
ТАБРИКОТИ
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарҳҳо (0)