БӮСТОН. РУШДИ БОНИЗОМИ ШАҲР ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Бо азми устувор, иродаи қавӣ ва ҷаҳду талоши оқилонаву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон асосҳои давлатдории навини миллӣ пойдор гардида, бо танинандозии сулҳу суботи комили ҷомеа дар тамоми самтҳо пешрафту дастовардҳо ба даст омаданд.
Бӯстон низ, ҳамчун шаҳри саноатӣ аз баракати истиқлоли давлатӣ ва бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба инкишоф ниҳода, бо бунёди иншооти таъиноти гуногун, коргоҳу корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва амсоли инҳо шароити арзандаи кору зиндагии сокинонро таъмин менамояд. Бо ҳузури мубораки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари дигар иншооти таъиноти гуногун, ба истифода додани гулгашти Парчами давлатӣ ва пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ яке аз тадбирҳои муҳим баҳри истироҳату фароғати сокинону меҳмонони шаҳр маҳсуб меёбад.
Дар нимсолаи аввали соли 2023 бо меҳнати суботкоронаи сокинону фаъолони шаҳр ба як қатор дастовардҳои шоиста ноил гардидем.
Боиси зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон фаъолиятро дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин, дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо як қатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ монд.
Дар нимсолаи аввал ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бо назардошти хизматрасониҳои пулакии барқу об ва бахши хусусӣ, ба 309,6 млн сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 млн сомонӣ зиёд аст.
Дар ин давра Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорону тоҷирон ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, воридоти технологияҳои инноватсионӣ, зиёд намудани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои мавҷуда ва ташкили ҷойҳои корӣ тадбирҳо андешид, ки дар натиҷа, шаш корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият пардохт.
Дар шаҳри Бӯстон се лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ мегардад, ки дар доираи онҳо 468,2 ҳазор доллари амрикоӣ аз худ карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ ба соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳри Бӯстон ба маблағи 59,3 млн сомонӣ сармояи дохилӣ ҷалб гардид.
Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, нақша-чорабинии шаҳрӣ тасдиқ шуд, ки аз 223 банд иборат мебошад. То ин дам 30 фоиз ё худ 60 банд иҷро гардид ва дар нимсолаи аввал бошад, 16 иншоот аз рӯи нақша мавриди истифода қарор гирифт.
Дар шаҳр 12 муассисаи таълимӣ ва 9 муассисаи томактабӣ амал менамояд. Дар ин давра барои маблағгузории соҳаи маориф 10,9 млн сомонӣ равона гардид, ки 37 дарсади хароҷоти умумии буҷети шаҳрро ташкил медиҳад. Дар давраи мавриди назар барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 17 компютер ва 2 проектор харида шуда, шумораи умумии компютерҳо ба 624 адад расид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ҷиҳати бунёди иншоотҳои тандурустӣ, таъмини таҷҳизоти озмоишӣ, ташкили муҷаҳҳазгардонӣ ва ҳалли масъалаҳои норасоии кадрҳои тиббӣ чораҳои судманд меандешад.
Бояд зикр намуд, ки дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ, муқовимат ба терроризму экстремизм ва дигар омилҳои номатлуб мулоқот ва машварати дастурдиҳӣ баргузор мегардад.
Итминони комил дорем, ки сокинони сарбаланди шаҳри Бӯстон бо такя ба беҳтарин арзиши волои истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон дар оянда низ, баҳри ноил шудан ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ва истиқболи сазовори ҷашнҳои фархундаи миллӣ аз тамоми донишу таҷриба ва неруи худ истифода намуда, баҳри ҳифзу афзун гардондани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар саҳми шоиста мегузоранд.
Нигорахон ҒАФФОРЗОДА,
иҷрокунандаи вазифаи раиси
шаҳри Бӯстон
Санаи нашр: 09.09.2023 №: 182-183
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)