ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “АНГИШТ ДАР ТАБИАТ ФАРОВОНУ ДАР БОЗОР ГАРОН, ЧАРО?”

“АНГИШТ ДАР ТАБИАТ ФАРОВОНУ ДАР БОЗОР ГАРОН, ЧАРО?”

13 сентябр 2023, Чоршанбе
27
0
  
Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Т. Саъдуллоев таҳти унвони “Ангишт дар табиат фаровону дар бозор гарон, чаро?”, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (01.02. 2023, № 27) нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 истихроҷи ангишт ба 2 миллиону 394 ҳазор тонна расида, фурӯши он, бо назардошти бақияи солҳои қаблӣ, 2 миллиону 665,2 ҳазор тоннаро ташкил дода, тамоми соҳаҳо тибқи дархосташон то мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 пурра таъмин гардиданд. Мавриди зикр аст, ки ҳаҷми ангишти дар соли 2022 истихроҷгардида ва содироти он дар таърихи кишвар баландтарин нишондиҳанда мебошад.
Аз ҳаҷми ангишти истихроҷгардида 1 миллиону 976,2 ҳазор тонна (82,6 фоиз) бо таври кушод ва 417,4 ҳазор тонна (17,4 фоиз) бо таври зеризаминӣ истихроҷ гардидааст.
Аз ҷониби муаллиф зикр шудааст, ки “аз маълумоти дарёфтшуда бармеояд, ки 82,6 дарсади истихроҷи ангишт дар фазои кушод сурат мегирад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки истихроҷ ва интиқолу дастраскунии ангишт пурра дар дасти сохтори давлатӣ бошад. Чаро имрӯз захирагоҳҳои давлатии ангишт дар шаҳру ноҳияҳо амал намекунанд, то мардум аз онҳо бо нархи арзон ангишт харида, маблағ ба буҷети давлат ворид шавад? Дар акси ҳол, баъзе тоҷирону корхонаҳо ба ҳар баҳона сол ба сол арзиши ангиштро ба хости дили худ боло бурда, гароние дар кӯлбори зимистонгузаронии сокинон ба бор оварда истодаанд”. 
Боиси тазаккур аст, ки танзими нарх дар нуқтаҳои фурӯш ва корхонаҳои истихроҷи ангишт тибқи талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи рақобат” ба  Хадамоти зиддиинҳисорӣ вогузор гардидааст.  Дар баробари ин, бояд таъкид кард, ки Вазорат якҷо бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷиҳати танзими нархи фурӯши чаканаи ангишт лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, № 287 “Дар бораи Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд” шомил намудани ангиштро корбарӣ намуда истодаанд. 
Мавриди зикр аст, ки  ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои кишвар то 1500-1700 нуқтаи фурӯш ташкил мешавад.
Иҷозати нуқтаҳои фурӯш ва барасмиятдарории онро на Вазорати саноат ва технологияҳои нав, балки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дар асоси хулосаи  мақомотҳои дахлдори ноҳия, аз ҷумла кумитаи замини ноҳия, шабакаи барқ, бозорҳо, кумитаи андози ноҳия, амалӣ менамояд.  
Вазорат бо мақсади арзон кардани нархи ангишт дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ярмаркаҳои фурӯши онро ташкил менамояд ва то 3500-4000 тонна ангишт ба фурӯш мебарорад.  Ҳамасола аз ҳисоби чунин ярмаркаҳо ба оилаҳои камбизоат ва осебдида ангишт ройгон тақсим мешавад.
 Корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт,  қатъи назар аз шакли моликият, нархномаи арзиши як тонна ангиштро вобаста ба навъҳояш дар асоси «Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 12.05.1999, № 210, тасдиқ шудааст, дар асоси хароҷоти истеҳсолии он таҳия намуда, дар мувофиқа бо КВД «Ангишти тоҷик» ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд. Нархи як тонна ангишт соли равон  ба  70,0-1200,0 сомонӣ расида, арзиши миёнаи он дар корхонаҳои соҳа 298,07 сомониро ташкил медиҳад. 
Мувофиқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, таҳлилу омӯзиши бозори ангишт нишон дод, ки давраи зимистонгузаронии солҳои 2022-2023 нархи миёнаи фурӯши чаканаи ангишт дар кишвар ба ҳисоби миёна аз 900 то 1200 сомонӣ барои як тоннаро (дар баъзе минтақаҳо аз ин ҳам баланд) ташкил менамуд. Баландшавии нархи фурӯши ангишт дар нуқтаҳои фурӯш,  асосан, аз кадом навъ (хока, омехта ва бутун) ва намуди ангишт (ангишти бур, ангиштсанг ва антрасит), масофаи роҳ ва бо кадом нарх ба фурӯш баровардани он аз ҷониби соҳибкорон вобаста мебошад. 
Бояд тазаккур дод, ки дар се соли охир, бо вуҷуди аз 44  то 88 дарсад афзудани арзиши воситаҳои истеҳсолӣ, нархи як тонна ангишт дар корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт, дар маҷмуъ, бетағйир монд.   
 
И. ҚУРБОНЗОДА, муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав
Санаи нашр: 13.09.2023 №: 184
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив