ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭЪТИРОФ. ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИШВАРҲОИ ОЛАМ

ЭЪТИРОФ. ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИШВАРҲОИ ОЛАМ

13 сентябр 2023, Чоршанбе
9
0
32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро як қатор кишварҳои олам бо барафрохтани рамзи давлатдории мо – Парчами давлатии Тоҷикистон истиқбол карданд. Биноҳои баландошёна, дохили фурудгоҳҳо ва пулҳои шаҳри Москва, баландтарин биноҳои шаҳри Анкараву дарозтарин пули шаҳри Истанбули Туркия ва шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами Тоҷикистон оро ёфтанд. Ин ҳама шаҳодат аз он аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Тоҷикистонро эътироф мекунад ва ба некӣ мешиносад.
 
Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ин санаи муҳим дар Россия як қатор чорабиниҳои идона баргузор гардиданд. Аз ҷумла, 7-уми сентябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Рӯзи Истиқлоли давлатиро бо тантана ва шукӯҳи хос таҷлил намуданд. 
Михаил Галузин, муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар ҳозиронро ба ин муносибат табрик гуфта, ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳу осоиш ва шукуфоӣ таманно кард.
Ба меҳмонон филм ва наворҳо дар бораи дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар 32 сол, инчунин, мавзеъҳои беҳтарини сайёҳии мамлакатамон манзур гардид. Ҳамчунин, дар меҳмонхонаи «The Ritz-Carlton» намоиши молу маҳсулоти Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ пешкаши меҳмонон шуд.
Аз ҷониби бонувони тоҷики муқими шаҳри Москва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи рангини фарҳангӣ ташкил шуда, дар он оид ба дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар, гиромидошти арзишҳои милливу давлатӣ ва тарбияи насли ҷавон дар роҳи худогоҳии миллӣ андешаронӣ намуданд.
Инчунин, 9-уми сентябр бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия дар биноҳои баландошёна, дохили фурудгоҳҳо, мавзеи Арбат ва пулҳои шаҳри Москва лавҳаҳои ҷашнӣ бо суханони табрикотӣ дар намоиш буданд.
Бо мақсади арҷ гузоштан ба истиқлоли давлатӣ ва таҷлили 32-юмин солгарди он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландтарин биноҳои шаҳри Анкара, Иттифоқи Палатаҳо ва биржаҳои молӣ (Türkiye Odalar ve Borsalar Birliği TOBB) ва дарозтарин пули шаҳри Истанбул (Boğaz köprüsü) намоиш дода шуд. Ин чорабиниҳо бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия сурат гирифтанд. 
Дигар манзараи хотирмон 9-уми сентябр дар Канада ба намоиш рафт. Шаршараи машҳури Ниагара 15 дақиқа бо рангҳои Парчами Тоҷикистон оро ёфт. Чунин манзараи зебо бо дархости ҷомеаи тоҷикони муқими он минтақа ташкил шуд. 
Бояд қайд кард, ки Ниагара яке аз ҷойҳои зебои сайёҳӣ дар Амрикои Шимолӣ мебошад. Дар сарҳади байни ИМА ва Канада ин муъҷизаи ҷаҳон ҷойгир аст, ки ҳамасола тақрибан 15 миллион сайёҳ онро тамошо мекунад.
Дар ҷаҳони муосир то имрӯз даҳҳо миллату мамлакатҳое мавҷуданд, ки садсолаҳо инҷониб баҳри бадастовардани истиқлоли воқеӣ ва соҳиб гардидан ба сарзамини воҳид азият мекашанд. Дар чунин вазъ Сарвари давлат киштии миллатро сӯи манзилгаҳи мақсуд далеронаву бохирадона расонд. 
Баёни ин нукта бағоят муҳим аст, ки баҳри ба истиқлоли комил расидану чун давлати мустақил эътироф гардидани Тоҷикистон хидматҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати    миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.09.2023 №: 184
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив