МУЛОҚОТҲОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ДОИРАИ ВОХӮРИИ ПАНҶУМИ МАШВАРАТИИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
14-уми сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, ки ҷиҳати иштирок дар вохӯрии панҷуми машваратии сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳо, ҳамчунин, рӯзномаи чорабиниҳои сатҳи олӣ, ки рӯзҳои 14-15-уми сентябр дар пойтахти Тоҷикистон– шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла имкониятҳои афзоиши ҳаҷми гардиши молро матраҳ намуданд. Аз робитаҳои самарабахши доираҳои соҳибкории мамлакатҳо ва натиҷаҳои Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон, ки чанд рӯз пеш дар Тоҷикистон баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ шуд.
Ҳангоми мулоқот, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
14-уми сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро, ки ҷиҳати иштирок дар вохӯрии панҷуми машваратии сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон баён доштанд, ки натиҷаҳои ҳамоиши сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба рушди равандҳои мусбат дар минтақаи мо мусоидати муассир хоҳанд кард.
Ҷонибҳо масъалаи рушди муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро, ки бо риштаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек ҳампайванданд, таъкид сохта, аз идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ, бахусус дар сатҳи олӣ, ҷонибдорӣ намуданд.
Ҳамчунин, мусоҳибон оид ба мавзуъҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом доданд.
14-уми сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов, ки ҷиҳати иштирок дар вохӯрии панҷуми машваратии сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон ва рӯзномаи ҳамоишҳои сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 14-15-уми сентябр дар шаҳри Душанбе доир мешаванд, баррасӣ ёфтанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо итминон изҳор доштанд, ки натиҷаҳои вохӯриҳои дарпешистода омили таҳкими ҳамкориҳои дохилиминтақавӣ хоҳанд шуд. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми гардиши мол ва робитаҳои фарҳангию гуманитариро матраҳ намуданд.
Барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ зарур шумурда шуд, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон ҷоннок шавад. Миёни мусоҳибон, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша сурат гирифт.
14-уми сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки ҷиҳати иштирок дар вохӯрии панҷуми машваратии сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот карданд.
Зимни вохӯрӣ ҷанбаҳои мубрами ҳамкории ҷонибҳо дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду мамлакат, инчунин, масъалаҳое, ки ба рӯзномаи чорабиниҳои сатҳи баланд дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ворид гардиданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сарвари давлат бо қаноатмандӣ таъкид сохтанд, ки муносибатҳои байни кишварҳои мо дар ҳамаи сатҳҳо ҷараёни баланди рушд дорад ва бо итминон баён доштанд, ки натиҷаҳои вохӯриҳои дарпешистода ба инкишофи минбаъдаи онҳо мусоидати муассир менамоянд.
Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории ҷумҳуриҳоро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок баррасӣ карданд. Ба ҷониби Ӯзбекистон ҷиҳати дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар раёсати вохӯрии панҷуми машваратии сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал изҳори сипос шуд. Ҳамзамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев атрофи масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.
14-уми сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиевро, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ дар вохӯрии панҷуми машваратии сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамояд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот маҷмуи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гаштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо итминон баён доштанд, ки иштироки Роҳбари Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамоиши сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ омили рушди муносибатҳо байни кишварҳои ба ҳам дӯст мешавад.
Ҷонибҳо ба масъалаи татбиқи тавофуқоти зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Тоҷикистон моҳи майи соли ҷорӣ бадастомада, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои барои ҷонибҳо судманд таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.