БОЗДИДИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲО АЗ НАМОИШГОҲИ МОЛИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
14-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷой Илҳом Алиев дар шаҳри Душанбе ба намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ ташриф оварданд.
Намоишгоҳи мазкур дар доираи вохӯрии панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардида, ҳадаф аз он, муаррифии маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолӣ ва тақвият бахшидани ҳамкории тиҷоратӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар толори маҳсулоти саноатии Тоҷикистон, ки 2310 метри мураббаъро ташкил медиҳад, беш аз 150 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ иштирок намуда, номгӯи зиёди маҳсулоти ватаниро муаррифӣ карданд. Аз ҷумла, дар ин ҷо намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ, саноати сабук, саноати мошинсозӣ, саноати кӯҳӣ, канданиҳои фоиданок, энергетика, технологияи иттилоотӣ (IT), кишоварзӣ ва ғайра маҳсулоти хешро рӯнамоӣ карданд.
Металлҳои ранга, ашёи хоми алюминӣ ва маҳсулоти аз он тайёршуда, таҷҳизоти ҳарбӣ-мудофиавӣ, технологияҳои инноватсионӣ, таҷҳизоти барқӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хосса лӯлаҳои шишапластикӣ, кошину қандил, сангҳои ороишӣ, профил, фаршу сақфҳои гуногун, дару тиреза, рангҳои сохтмонӣ, инчунин, доруворӣ аз ҷумлаи маҳсулоте мебошанд, ки дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда, ҳар кадом дорои сифати баланду дар бозори байналмилалӣ рақобатпазир аст.
Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои маъданӣ яке аз калонтарин дар Осиёи Миёна мебошад. Дар ҷумҳурӣ конҳои сурб, руҳ, сурма ва ғайра, инчунин, металлҳои камёфт кашф шудаанд. Дар маҷмуъ, кӯҳсори Тоҷикистон дорои қариб тамоми унсурҳои ҷадвали Менделеев мебошад. Ба назардошти мавҷуд будани чунин захираҳои бойи табиӣ, дар Тоҷикистон рушд бахшидани иқтисодиёти сабз имконпазир мебошад.
93 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва ин мамлакати дорои захираҳои калони ашёи хом барои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ дар ҷаҳон ҷои якумро ишғол мекунад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 400 кон ва зуҳурот кашф шудааст, ки 30 навъи ашёи хомро барои азхудкунии масолеҳи саноатии сохтмонӣ, аз қабили габбро, гранит, гранодиорит, диорит, мармар, оҳаксанги мармарӣ, санги гаҷӣ, намнок, реги квартсӣ, доро мебошад. Дар гӯшаи алоҳида беш аз даҳ намуд масолеҳи сохтмонии аз санги табиӣ истеҳсолшударо ба маъраз гузоштанд.
Сарварони давлатҳо ба захираҳои табиии Тоҷикистон таваҷҷуҳ намуда, дарёфти роҳҳои нави истихроҷ ва истифодаи самараноку оқилонаи онҳоро муҳим шумурданд. Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои тиҷоратӣ байни молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд боз ҳам бештар тақвият ёбад.
Дар гӯшаи маҳсулоти саноати сабук ва пилла матоъҳои абрешимӣ, атласу адрас ва чакан, қолинҳои дастӣ, кандакорӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд. Дар ҳамин ҷо оид ба тиҷорат тавассути Роҳи абрешим, ки дар гузашта анҷом дода мешуд ва доир ба фаъолияти ҳунармандони тоҷик дар давраҳои гуногун маълумоти муфассал доданд.
Гуфта шуд, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон ба ҳунарҳои қадимаи мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин аст, ки дар як давраи кӯтоҳ қариб ҳамаи намуди ҳунарҳои мардумӣ эҳё шуд, рушд ёфт ва имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҳунари нодир муаррифӣ мегардад. Дар гӯшаи алоҳида захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд.
Сарварони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Озарбойҷон ба таври видеоӣ ҷараёни корҳои сохтмониро дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” тамошо карданд. Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар ин корзори нангу номуси ватандорӣ техникаву таҷҳизоти зиёди зарурӣ сафарбар гардида, мутахассисони дорои таҷрибаи баланд якҷо бо сохтмончиёну дигар коргарони муҳандисию техникӣ шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд. Ба сифати корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад ва кӯшиш бар он равона мегардад, ки корҳо аз рӯи нақшаи тасдиқшуда ва ҷавобгӯ ба стандарт иҷро шаванд. Дар ҳамин толор электробуси тамғаи “Акия Ултро”, ки истеҳсоли ширкати “Акия Авесто”-и Тоҷикистон мебошад, муаррифӣ гашт.
Ёдовар мешавем, ки фаъолияти ширкати “Акия Авесто” дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, самти он ба бандубаст ва истеҳсоли автобусу троллейбусҳои замонавӣ равона гардидааст. Истеҳсоли электробуси мазкур бори нахуст дар Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Тибқи нақша ва дар асоси Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028, то соли 2026 бояд 300 чунин электробус истеҳсол гардида, барои истифода дар пойтахти мамлакат пешниҳод шавад. Дар қисми дигари толор бо истифода аз оби табиӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” шаршара бунёд гардид. Шаршара ҳаракати мавзун дорад ва бо навиштаҷоти ҷолиб оро ёфта, ба як манзараи диққатҷалбкунанда мубаддал гаштааст. Ин манзара, ки манбаъҳои зиёди об ва фаровонии онро дар Тоҷикистон таҷассум мекунад, ба меҳмонон писанд омад.
Сарварони кишварҳо дар толори маҳсулоти саноати хӯрокворӣ аз растаҳои пур аз анвои дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда дидан карданд. Дар толор ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯроквории Тоҷикистон гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, маҳсулоти ширӣ ва яхмос, меваҳои хушки ба таври замонавӣ ва мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ бандубастшуда, консерв ва афшураи меваю сабзавот, равғани рустанӣ, орд ва маҳсулоти аз он тайёршуда, маҳсулоти макаронӣ, обҳои ташнагишикан, машрубот, маҳсулоти қаннодӣ, чой бо иловаи хушкмеваҳои ватанӣ ва ғайраро ба намоиш гузоштанд.
Меҳмонон ба сифати маҳсулот, ки аз лиҳози экологӣ тоза буда, таъми лазиз доранд, мароқ зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки ин номгӯи маҳсулот бояд ҳарчи бештар истеҳсол ва ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, содирот шавад. Толори мазкур 1700 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо 20 коргоҳу корхонаи истеҳсолии Тоҷикистон дар растаҳои алоҳида бо тарзу усули хос маҳсулоти хешро муаррифӣ карданд.
Сипас, сарварони давлатҳо ва меҳмонон ба толори дигар гузашта, аз намоишгоҳи молу маҳсулоти саноатии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон дидан намуданд. Масоҳати толори мазкур 1815 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва дар гӯшаҳои алоҳида, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон маҳсулоти саноати сабук, техникаи маишӣ, таҷҳизоти инноватсионӣ, нассоҷӣ, мошинсозӣ, канданиҳои фоиданок, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайраро муаррифӣ карданд.
Дар гӯшаи намоишии Ӯзбекистон барои 30 ширкати истеҳсолӣ шароити муаррифии молу маҳсулот фароҳам овардаанд. Намояндагони коргоҳу корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон имкон пайдо намуданд, ки маҳсулоти хешро ба таври зарурӣ пешниҳод созанд. Дар маҷмуъ, зиёда аз 100 номгӯи маҳсулоти истеҳсоли Ӯзбекистон, аз қабили маҳсулоти чармӣ, фарматсевтӣ, нассоҷӣ, пилла, мошинсозӣ, таҷҳизоти барқӣ, кишоварзӣ, технологияи иттилоотию рақамӣ, масолеҳи сохтмонӣ, ба намоиш гузошта шуд. Дар намоишгоҳ аз Ӯзбекистон зиёда аз 90 намояндаи соҳаи саноат иштирок дорад.
Ташкили чунин намоишгоҳи калони минтақавӣ боиси густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни ширкатҳо, рушду пешрафти фаъолияти коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва афзоиши номгӯ ва ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳо маънидод гардид.
Дар намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон зиёда аз 300 намояндаи соҳаи саноат, аз корхонаҳои истеҳсолӣ ва бахши хусусӣ, ширкат варзида, иқтидори истеҳсолии кишвари хешро муаррифӣ намуданд.
Маҳсулоти ба намоиш гузошташуда дар гӯшаи Қазоқистон бахшҳои сохтмон, металлургия, мошинсозӣ, химия, нассоҷӣ, кишоварзӣ, энергетика ва ғайраро дар бар мегирад. Аз Қазоқистон бештар аз 300 намуд маҳсулоти саноатии 150 ширкати истеҳсолӣ ба намоиш гузошта шуд. Ба таъкиди масъулон, дар намоишгоҳи мазкур маҳсулотеро ба маъраз гузоштанд, ки ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир аст.
Зимни боздиди сарварони давлатҳо аз гӯшаи Туркманистон маълум гардид, ки молистеҳсолкунандагони ин мамлакат номгӯи зиёди маҳсулоти ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалиро ба намоиш гузоштаанд. Дар намоишгоҳ аз Туркманистон зиёда аз 100 намояндаи ширкатҳои истеҳсолӣ иштирок карда, маҳсулоти нассоҷӣ, металлургӣ, химия, энергетика ва ғайраро муаррифӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки маҳсулоти саноатии коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон ба кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, содирот шуда, бо дарназардошти ҷавобгӯ будан ба стандарт дар бозори ҷаҳонӣ талабгори зиёд доранд. Дар ҳамин ҷо тавассути навори видеоӣ низоми фаъолияти ҳукумати электронӣ дар Қазоқистон намоиш дода шуд. Дар намоишгоҳ, ҳамчунин, натиҷаи фаъолият ва дастовардҳои Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва Созмони ҷаҳонии тандурустиро намоиш доданд.
Дар гӯшаи Фонди байналмилалии наҷоти Арал корҳои анҷомёфта ва нақшаҳои минбаъда барои ҳифзу барқарор намудани баҳри Арал муаррифӣ гардид. Сарварони давлатҳо фаъолияти Фондро назаррас хонда, ҳамкории боз ҳам бештар ва пайдо кардани роҳҳои нави бартарафсозии мушкилотро дар ин самт муҳим шумурданд.
Воситаҳои нақлиёти сабукрав, мусофиркашу боркаш, ҳарбӣ-муҳофизатӣ ва техникаҳои кишоварзии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар майдони кушоди намоишгоҳ, ки 6 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, ба намоиш гузошта шуд. Дар ин ҷо аз Тоҷикистон 42 воситаи нақлиёт, Ӯзбекистон 65 ва Қазоқистон 43 воситаи нақлиёти гуногунтамға муаррифӣ гардид.
Сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев, Қосим-Жомарт Токаев, Сердар Бердимухаммедов ва Илҳом Алиев ташкили намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказиро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Сарварони давлатҳо ба шароиту имкониятҳои фароҳамовардашуда барои муаррифии молу маҳсулоти саноатии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон баҳои баланд дода, ба мутасаддиён миннатдории самимӣ изҳор доштанд.
Ба таъкиди сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, баргузор гардидани чунин намоишгоҳ бо иштироки васеи намояндагони ширкатҳои истеҳсолӣ дар густариши ҳамкориҳои тиҷоратии кишварҳо, табодули таҷриба миёни молистеҳсолкунандагон, тақвият ёфтани истеҳсолот ва содироти бештари маҳсулоти саноатӣ ба мамлакатҳои хориҷӣ заминаҳои устувор мегузорад.
Маврид ба таъкид аст, ки намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе то 16-уми сентябр идома меёбад. Сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд аз ин намоишгоҳ озодона дидан карда, маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистонро бихаранд. Ҳамчунин, дар намоишгоҳ барои ширкатҳои тиҷоратии ватанӣ имконияти хуби ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо корхонаҳои истеҳсолии кишварҳо фароҳам аст.