ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТАРАВШАН. АВЛАВИЯТ БА АЗНАВСОЗИИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ

ИСТАРАВШАН. АВЛАВИЯТ БА АЗНАВСОЗИИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ

19 сентябр 2023, Сешанбе
13
0


Бунёду навсозии роҳҳои мошингард дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо руҳия ва ҳисси баланди миллӣ анҷом дода шуда истодаанд. Дар ин росто, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳру навоҳии вилояти Суғд бунёди садҳо иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сайёҳӣ, инчунин, мумфаршкунии роҳҳо бомаром идома доранд. 
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан ба мумфаршкунии роҳи Вогат – Курушкада оғоз бахшид. Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон изҳор дошт, ки имрӯзҳо дар тамоми қаламрави вилоят корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла таъмиру тармими роҳҳои маҳаллӣ, идома дошта, нақши соҳибкорону сокинон дар ободии кишвар назаррас аст. 
Роҳи мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва дастгирии соҳибкорон ба масофаи 2,2 км мумфарш гардида, корҳои роҳсозиро ҶДММ "Роҳи Ваҳдат" ба зима дошт. Тавассути ин роҳ беш аз 11 ҳазор сокини маҳаллаҳои Вогату Курушкада равуо мекунад. 

Саъдулло МАҲКАМОВ, рӯзноманигор

Санаи нашр: 18.09.2023 №: 187
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив