ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВОХӮРИИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ИМА
19-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар вохӯрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок карда, сухан ронданд.
Ҳамоиш бо истиқболи сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден ва сухани муқаддимавии ӯ оғоз гардид. Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни суханронии худ доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманди давлатҳои ҳамоиш як қатор пешниҳодҳо намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори итминон баён доштанд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар сиғаи “Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” мусоидат хоҳад кард. Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон кӯшишҳои кишварҳоро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, обу энергетика ва дигар масъалаҳои мубрами рушди устувор комилан дастгирӣ мекунад.
– Дар заминаи вазифаи таъхирнопазири пешбурди “иқтисоди сабз”, Тоҷикистон ба рушди энергетикаи сабз аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад, – гуфтанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зимни суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, истеҳсоли “неруи сабз”, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли масоили глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва таъсири он, обшавии пиряхҳо ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба рушду пешрафти давлатҳо монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад, андеша ронданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарварони давлатҳоро ба масъалаи афзоиши таҳдиду хатарҳо, мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, таъмини амнияти минтақавӣ, вазъи сиёсии Афғонистон ва ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон ҷалб намуда, дар ин раванд ҳамкорӣ ва мусоидати шарикони байналмилалиро зарур шумурданд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон иқтидори логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар марз бо Афғонистонро барои расондани кумаки башардӯстона ба аҳолии кишвари ҳамсоя пешкаш намуда, неруи барқ ва тавассути бозорҳои наздисарҳадӣ, ки фаъолияташон аз нав ба роҳ монда шуд, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ содирот мекунад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки субот дар Афғонистон омили муҳими рушди робитаҳои байниминтақавӣ мебошад, аз ин рӯ, мо манфиатдорем, ки сулҳу субот дар ин кишвар ҳарчи зудтар барқарор шавад.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувору тағйирнопазири Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ ва рушду тавсеаи ҳамкориҳо ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо қабули Эъломияи ин ҳамоишро ҷонибдорӣ мекунем.
Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷаи вохӯрии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эъломияи сарварони давлатҳо қабул гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами ҷаҳонию минтақавӣ ва самтҳои асосии ҳамкориҳо байни ин кишварҳо дарҷ шуд.