ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУБОҲИСАҲОИ УМУМИИ ИҶЛОСИЯИ 78-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СММ
20-уми сентябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид шаҳри Ню-Йорк мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ баргузор гардид.
Зимни иштирок дар иҷлосия, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуданд.
Ҳангоми суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба масъалаҳои таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон ва таъсири онҳо ба иқтисоди кишварҳо, ташаккули “иқтисоди сабз”, рушди тавлиди “энергияи сабз”, мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, талошҳои муштарак баҳри пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти обӣ ва иқлимии сайёра ҷалб намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ барои ҳалли мушкилоти глобалии сайёра саъю талоши созанда хоҳанд кард.