БУҲРОНИ АФҒОНИСТОН. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН МАВЗУИ РӮЗ ДАР НИШАСТИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Буҳрони Афғонистон аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварии вохӯрии панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт. Зеро бар асари шиддат гирифтани ихтилофҳои дохилӣ ва эҷоди ноамниҳои марзӣ бо мамлакатҳои ҳамсарҳад, ҳодисаҳои Афғонистон метавонанд пайомадҳои манфиро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бор оранд. Аз ин нуқтаи назар, сулҳу субот дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва фаротар аз он ба вазъи Афғонистон пайвасти ногусастанӣ доранд.
Дар ҳамин асос, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки вазъ дар Афғонистон боиси нигаронии хоси мо гардидааст. Дар ин кишвари ҳамсоя буҳрони башарӣ рӯз ба рӯз шиддат меёбад. Дарду азоби мардуми бародари Афғонистон ба мо наздик ва қобили дарк аст. Тоҷикистон минбаъд низ имкониятҳои инфрасохтории наздисарҳадӣ ва логистикии худро барои расондани кумакҳои ҳадафманд ба мардуми Афғонистон вогузор хоҳад кард. Созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шарикон тавассути шаш пул дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ба ин кишвар ёриҳои башардӯстона мерасонанд. Ҳадафи мо фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоию иқтисодӣ барои ба эътидол овардани вазъи башарӣ дар ин кишвар аст.
Сарвари давлат бо нигаронӣ зикр карданд, ки фаъолнокии гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон афзоиш меёбад: “Солҳои охир мо ба кӯшишҳои рахна кардани сарҳад ва убури ғайриқонунии он аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни террористӣ рӯ ба рӯ гардидаем. Чанде пеш мо аз ду кӯшиши рахна намудани сарҳад аз ҷониби ҷангҷӯёни «Ансоруллоҳ» пешгирӣ намудем. Ҳадафи онҳо анҷоми як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар пойтахт ва манотиқи дигари Тоҷикистон буд”.
Гуфта шуд, ки ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли афзоиш қарор дорад.
Тавре Пешвои миллат таъкид сохтанд, соли гузашта дар марз бо Афғонистон ҳудуди панҷ тонна маводи мухаддир мусодира гардидааст, ки ин рақам дар қиёс ба соли 2021-ум 22 дарсад бештар мебошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки “дар чунин шароит моро лозим аст, то якҷо ва дар ҳамдастӣ амал намоем. Бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки омили амнияту субот шарти муҳимтарини татбиқи бомуваффақияти нақшаву иқдомҳои созандаи мо мебошад”.
Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, зимни суханронии худ дар робита ба таҳкими амният дар кишварҳои Осиёи Марказӣ иброз дошт, ки “мо тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро яке аз самтҳои муҳим мешуморем”. Ӯ афзуд, ки яке аз омилҳои калидӣ, ки мустақиман ба амният ва субот дар Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад, вазъи Афғонистон боқӣ мемонад.
– Мо ба табодули доимӣ ва эътимодбахши афкор ниёз дорем, то роҳҳои ҳалли дастаҷамъонаро барои муқовимати фаъолона ба чолишҳо ва таҳдидҳои умумӣ таҳия кунем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки дар чунин шароит тарҳи Барномаи байнидавлатӣ оид ба ҳифз ва таҳкими марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд рӯйи даст гирифта шавад.
Ҳамзамон, ӯ илова намуд, ки ташкили системаи минтақавии пешгӯӣ, пешгирӣ, огоҳии бармаҳал ва вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулода зарур мебошад.
Перомуни вокуниши муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ, Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, баён дошт, ки барои кишвараш сулҳу субот дар Афғонистон яке аз шартҳои авлавиятноки низоми амнияти минтақа дониста мешавад. Воқеаҳое, ки дар ин кишвар ва атрофи он ба вуқуъ мепайванданд, ба вазъи минтақа таъсири мустақим доранд.
– Доираи дигари таҳдидҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз вазъи Сурия ташаккул ёфтааст, ки дар он ҷо шаҳрвандони кишварҳои мо низ дар сафи ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ширкат мекунанд. Онҳо таҷрибаи ҷангии худро такмил дода, ҳамватанони худро барои шомил шудан ба гурӯҳҳои террористӣ даъват менамоянд. Дар ҳамин замина, Қирғизистон ташаббусҳои байналмилалие, ки ба таъмини сулҳ, оромӣ ва субот дар Афғонистон ва Сурия нигаронда шудаанд, ҷонибдорӣ мекунад.
Ӯ афзуд, ки таҳия ва таъмини амнияти дастаҷамъии иттилоотӣ, инчунин, афзун намудани талошҳо ҷиҳати муқовимат бо таҳдидҳои киберӣ, пешгирии истифодаи фазои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалии террористӣ, экстремистӣ ва дигар душманон ниҳоят муҳим аст. – Вобаста ба ин, мо ҳамкории зич миёни шуроҳои амният ва мақомоти салоҳиятдори кишварҳои Осиёи Марказиро муҳим мешуморем. Мақомоти салоҳиятдор бояд ҳамкориҳоро бо таваҷҷуҳи махсус ба пешгирии вуруди аъзои созмонҳои террористии байналмилалӣ ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ идома диҳанд, – илова кард Садир Жапаров.
АЗ ЛОНАИ АМНИ ТЕРРОРИСТОН ТО АФЗОИШИ МАВОДИ МУХАДДИРИ СИНТЕТИКӢ
Ба андешаи коршиносони байналмилалӣ, пас аз ғасби ҳокимият дар Афғонистон аз ҷониби ҳаракати “Толибон”, ин кишвар ба лонаи амни гурӯҳҳои террористӣ табдил ёфтааст. Далели ин рӯз ба рӯз афзудани сафи ҷангҷӯёни ҳаракатҳои террористии «Ал-Қоида», ДИИШ-Х, Таҳрики толибони Покистон, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Гурӯҳи ҷиҳоди исломӣ, Хатиба Имом ал-Бухорӣ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ” дар Афғонистон мебошад.
Бино ба гузориши Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ҳоло дар Афғонистон шумораи ҷангҷӯёни ҳаракати террористии Давлати исломии Ироқ ва Шом-Хуросон (ДИИШ-Х) ва аъзои хонаводаи онҳо аз 4 то 6 ҳазор нафар мерасад. Ин дар ҳолест, ки қаблан теъдоди онҳо сею ним ҳазор гуфта мешуд.
Феълан, дар Афғонистон фақр ва бекорӣ босуръат меафзояд. Кишвар дар таназзули иқтисодӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, истеҳсол ва қочоқи маводи нашъаовар, ба қавле, манобеи алтернативии зиндагӣ барои сокинони Афғонистон ба ҳисоб меравад. Ин, дар навбати худ, боиси афзоиши қочоқи маводи мухаддир на танҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки дигар мамолики ҷаҳон мегардад. Гумон аст ҳаракати “Толибон” аз даромаде, ки бар асари парвариши афюн ба даст меорад, даст кашад.
Тибқи таҳлилҳои СММ, суръати тавлиди афюн дар Афғонистон сол ба сол меафзояд. Ин ҳама дар ҳолест, ки “Толибон”, баъд аз ғасби ҳокимият, бо судури як фармон кишт, истеҳсол ва харидуфурӯши маводи мухаддир дар Афғонистонро мамнуъ эълон намуданд. Вале мо акси ҳол ва вазъи бисёр нигаронкунандаро мебинем.
Бар пояи гузориши ахири раёсати мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояти Созмони Милали Муттаҳид (UNODC), ки 11-уми сентябр нашр шуд, қочоқи метамфетамин дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар панҷ сол тақрибан дувоздаҳ маротиба афзуда, аз 2,5 тонна (соли 2017) ба 29,7 тонна (2021) расидааст. Яъне, Афғонистон, яке аз бузургтарин тавлидкунандагони ҳероин ва метамфетамин дар ҷаҳон мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия хабар медиҳад, ки бо вуҷуди 80 дарсад коҳиш ёфтани истеҳсоли афюн дар Афғонистон ҳаҷми маводи мухаддири синтетикӣ афзуда, ба кишварҳои ҳамсоя ворид мешавад.
Ин нукта бебаҳс аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сарчашмаи асосии маблағгузории терроризми байналмилалист. Масалан, 1уми июли соли 2020 дар Италия полиси молиявӣ партияи рекордӣ – 14 тонна ё худ 84 миллион ҳаби синтетикиро, ки арзишаш тақрибан як миллиард евро мебошад, мусодира намуд. Аз дохили 40 силиндри контейнерҳо миллионҳо амфетамин баромад, ки рамзи «каптагон» дошт. Ин рамзи маводи нашъаовари истеҳсоли гурӯҳи террористии Давлати исломӣ мебошад. Тибқи маълумоти полис, он дар Сурия истеҳсол шуда, пулашро бояд ба маблағгузории фаъолияти террористӣ масраф мекарданд.
Биноан, зиёд шудани истеҳсоли маводҳои синтетикӣ дар Афғонистон далели он аст, ки маблағи аз фурӯши он бадастомада барои фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ равона мегардад.
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.09.2023 №: 189