ҶАЛАСАИ ҲАБДАҲУМИ ШУРОИ ВАЗИРОНИ АДЛИЯИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ ДОИР ШУД
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд, – хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.
Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба танзими ҳуқуқии самтҳои алоҳидаи фаъолияти вазоратҳои адлияи давлатҳои узви ИДМ, аз ҷумла расондани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шахсони воқеӣ, рушди ҳамкории мақомоти ваколатдор дар ин самт, ҷараёни беҳсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, муҳокима гардиданд.
ТАЪСИСИ КУМИТАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми сентябри соли 2023, таҳти № 429, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Ба зиммаи Кумита таҳия ва амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вогузор гардид. Ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супориш дода шудааст, ки дар муҳлати ду моҳ низомнома, сохтор ва номгӯи ташкилотҳои низоми Кумитаро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
ОҒОЗИ СОХТМОНИ “СУҒД АРЕНА”
24-уми сентябр бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд сохтмони маҷмааи муосири варзишии “Суғд Арена” оғоз гардид.
Иншоот бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бунёд мешавад.
Бо бунёди маҷмаа беш аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар як вақт то 1000 нафар имкон дорад ба машқу тамрин фаро гирифта шавад.
ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТЕАТРҲОИ ЛӮХТАК БАРГУЗОР МЕШАВАД
Аз 24 то 29-уми октябр дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи VII байналмилалии театрҳои лӯхтак “Чодари хаёл” баргузор мешавад.
Ҳадафи аслӣ, таҳкими ҳамкориҳо, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин, тарбияи эстетикии насли наврас мебошад. Бинандагон метавонанд намоишҳои театрҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эронро бубинанд. Ҳамчунин, донишҷӯёни шуъбаи лӯхтаки Донишкадаи давлатии маданияти Туркманистон бори аввал дар Ҷашнвораи “Чодари хаёл” ширкат мекунанд.
Тоҷикистонро дар Ҷашнвора театрҳои лӯхтаки пойтахт, шаҳри Бӯстон ва театри "Афсона"-и шаҳри Бохтар намояндагӣ мекунанд.
"МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2023" ҶАМЪБАСТ ШУД
Мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шукрона Мадиева ғолиби даври ҷумҳуриявии Озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2023» гардид.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илм, Озмун 21-23-юми сентябр бо иштироки 5 нафар – мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии № 24-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Мастура Алимзода, мураббии кӯдакистони № 4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Марҳабо Бобоҷонова, мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии № 8-и шаҳри Ҳисор Фариза Ғафурова, мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии № 119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шукрона Мадиева ва мураббии кӯдакистони № 5-и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Саврина Оҷибангиева доир шуд.
ҶАМЪОВАРИИ 68000 ТОННА ПАХТА
Бино ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, дар ҷумҳурӣ аз оғози мавсим беш аз 68 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.
Майдони кишти пахта соли равон 175695 гектарро ташкил медиҳад. Тибқи хабари Вазорати рушди иқтисод ва савдо, пахтакорони мамлакат ният доранд, ки соли ҷорӣ 430 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.