ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

27 сентябр 2023, Чоршанбе
4
0


26-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазир оид ба соҳаи кишоварзӣ, вазири кишоварзӣ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритус ва Қубодиён суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба вазъи корҳо дар соҳа ва ноҳияҳои мазкур шуниданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомот ва ноҳияҳои зикршударо вазифадор намуданд, ки доир ба омодагӣ ба зимистони дарпешистода, пеш аз ҳама, ба фасли сармо омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ, сари вақт ҷамъоварии ҳосили пахта, картошка, меваю сабзавот ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Пешвои миллат, инчунин, масъалаи дар ҳар як оила захира намудани маводи озуқа ва тухмии аълосифати зироатҳои кишоварзиро барои соли оянда махсус таъкид намуданд.

Санаи нашр: 27.09.2023 №: 192
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив