ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАШВАРАТИ КОРӢ

МАШВАРАТИ КОРӢ

29 сентябр 2023, Ҷумъа
3
0


Субҳи 27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Маҷлиси миллӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд.
Вазъи корҳо дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҷамъоварии саривақтии ҳосил, омодагӣ ба зимистони дарпешистода, ба фасли сармо омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ, аҳолӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт ва захираи маводи ғизоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии машварати корӣ буданд.
Роҳбари давлат доир ба масъалаҳои зикршуда ба ширкаткунандагони машварат ва роҳбарони дигар сохтору мақомот супоришҳои мушаххас доданд.
Пешвои миллат масъалаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва муташаккилона гузарондани он, инчунин, бо сарулибос ва озуқаворӣ ҳарчи беҳтар таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро махсус таъкид намуданд.

Санаи нашр: 28.09.2023 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив