ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ ШАҲРИ ХОРУҒ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ ШАҲРИ ХОРУҒ

02 октябр 2023, Душанбе
36
0


Дар доираи сафари кории имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар шаҳри Хоруғ 10 корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Имрӯз вазъи кор дар ин корхонаҳо дар кадом сатҳ қарор дорад? Барои ба ин савол ҷавоби  аниқ гирифтан  раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот аз корхонаҳои мазкур дидан намуд. Зимни боздид аз ин  корхонаҳо  раиси вилоятро  Ризо Назарзода, раиси шаҳри Хоруғ, роҳбарони идораву муассисаҳои марбутаи вилоятиву шаҳрӣ  ҳамроҳӣ намуданд. 
Гурӯҳи корӣ, нахуст, ба  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суман”  ташриф овард. Дар зимн, иттилоъ доданд, ки корхонаи  мазкур,  асосан, ба коркард ва истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ машғул буда, он дар масоҳати 1,5 гектар бунёд шудааст. Айни ҳол дар толори он беш аз 13  дастгоҳи замонавӣ  барои коркарди санг насб гардидааст. Дар ин ҷо, дар баробари коркарди санг, инчунин, 5 намуди тахтаҳои оҳану бетонӣ истеҳсол   мешавад, ки  ба онҳо  дар сохтмонҳои вилоят талабот зиёд аст. Сипас, раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сандал”, воқеъ дар бозори “20-солагии Истиқлолияти давлатӣ”,  боздид ба амал оварданд.  Алишер Мирзонабот зимни шиносоӣ бо шароити корӣ ва раванди истеҳсолот дар корхона  ба сифати маҳсулоти истеҳсолгардида баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани корхонаро дар минтақаи дурдасти кишвар, заминаи хуби татбиқи панҷсолаи рушди соҳаи саноат арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки ҶДММ “Сандал” дар ВМКБ дар ин самт  ягона буда, бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар, аллакай, харидорони худро пайдо намудааст. Зикр шуд, ки таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, аз нигоҳи хароҷот каммасраф ва кори 2-3-соатаи дастиро дар 40 сония анҷом медиҳад. Айни ҳол дар корхона  беш аз 30 нафар кор мекунад. Иттилоъ доданд, ки барои истеҳсоли пойафзоли “ЯК” ашёи хом аз Туркия ворид гардида, иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол аз 15 то 20 ҳазор ҷуфт пойафзолро ташкил медиҳад ва бо зиёд гардидани талабот, имкони афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ дар корхона фароҳам оварда мешавад. 
Раиси вилоят ба масъулони корхона дастур дод, ки минбаъд низ, ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда таваҷҷуҳи бештар равона карда, бо зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол  дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ивазкунандаи воридот саҳми муносиби худро гузоранд.
Дар корхонаи саноатии истеҳсоли мебели “Панҷ сутун” ба раиси вилоят хабар доданд, ки айни ҳол дар корхона  10 нафар бо кори доимӣ таъмин гардида, маоши миёнаи кормандон вобаста ба ҳаҷми кор аз 1500 то 3000 сомониро ташкил медиҳад. Иқтидори солонаи он истеҳсоли зиёда аз 4 ҳазор мебели хушсифат буда, дар оянда бо роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба бо корхонаву муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳаҷми истеҳсолот зиёд мешавад. Барои истеҳсоли мебел ашёи хом аз Туркия ва Федератсияи Россия ворид мегардад. Тарҳ ва дизайни мебел мувофиқ ба талаботи замон таҳия   мешавад.  Корхона беш аз 20 навъи мебел, аз ҷумла мебелҳо барои хона, ҳуҷраҳои корӣ, мизу курсӣ барои муассисаҳои таълимӣ, рахти хоб барои марказҳои саломатӣ омода менамояд, ки нархҳои дастрас доранд. Раиси вилоят ҷиҳати  минбаъд тақвият додани ҳаҷми истеҳсолот ба роҳбарияти  он супоришҳои иловагӣ дод.
Дар радифи амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ, эълон гардидани солҳои 2022-2026  ҳамчун Солҳои рушди саноат дар ҳудуди бозори “20-солагии Истиқлолияти давлатӣ”  коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти нонии “Хамир” ба фаъолият оғоз намуд. Ҳоло дар он 5 нафар кор мекунад. Коргоҳ бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гашта, ҷараёни кор ба таври рақамӣ амалӣ ва назорат карда мешавад. 
Зимни суҳбат бо кормандони коргоҳ маълум гашт, ки дар истеҳсоли маҳсулоти нонӣ омехтаҳои кимиёвӣ истифода намегарданд. Коргарзанон фаъолияти дастгоҳҳои нонпазиро ба таври худкор идора намуда, коргоҳ дар баробари истеҳсоли маҳсулоти анъанавӣ, шаклҳои гуногуни нонҳои парҳезиро низ бо истифода аз орди навъҳои дуюм ва сеюм тайёр менамояд. Тавоноии коркарди коргоҳи мазкур дар як рӯз то 350 кг орд буда, зиёда аз 10 номгӯи маҳсулоти нонӣ тайёр менамояд.
Дар корхонаи саноатии “Шоҳроҳи Абрешим” истеҳсоли маҳсулоти спиртӣ ба роҳ гузошта шуда, дар оянда аз ҳисоби меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза обҳои ташнагишикан низ, истеҳсол хоҳанд шуд. Имрӯзҳо 9   мутахассиси ботаҷриба  бо истифода аз техникаву технологияи пешрафтаи ҷаҳон ба кор ҷалб  карда шудааст.  Бо  назардошти васеъ намудани номгӯи маҳсулот, дар оянда шумораи коргарони корхона ба 25 нафар расонда хоҳад шуд. 
Раиси вилоят ба масъулон дастур дод, ки корхона минбаъд бо хоҷагиҳои деҳқонии вилоят шартнома баста,  меваи тутро зиёдтар харидорӣ намоянд ва истеҳсолотро васеътару босифат ба роҳ гузоранд. 
Ҳамзамон, роҳбарияти вилоят аз рафти корҳои таъмирӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ боздид ба амал овард.
Сипас, гурӯҳи корӣ  бо фаъолияти ҶДММ “Оҳансарой”, ки ба истеҳсоли тарҳҳои металлӣ машғул мебошад,  шинос гардид.
Дар корхонаи мазкур   кафшергар ва муҳандисони соҳибкасб ба кор ҷалб гардидаанд, ки дилхоҳ фармоиши мизоҷонро метавонанд дар фурсати кӯтоҳтарин ва бо сифати баланд омода созанд. Дар  корхона 65 нафар сокини шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. 
Дар корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлӣ истеҳсоли қуттиҳои барқӣ, дарвозаҳои оҳанин, асбобҳои рӯзгор, сутунпояҳои чароғҳои равшандиҳанда, таҷҳизот барои сутунпояҳои хатҳои интиқоли баландшиддати барқ ва садҳо номгӯйи таҷҳизоти зарурӣ аз тахтаҳои оҳанин истеҳсол мегарданд. Раиси вилоят аз фаъолияти корхона изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки сифати маҳсулотро баланд бардошта, барои содироти маҳсулоташон ба дигар минтақаҳои кишвар шароит фароҳам оваранд.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 29.09.2023 №: 194
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив