ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РОБЕРТ ХАБЕК МУЛОҚОТ КАРДАНД

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РОБЕРТ ХАБЕК МУЛОҚОТ КАРДАНД

02 октябр 2023, Душанбе
20
0


29-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи вохӯрии якуми сарварони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” бо ноиби канслери Ҷумҳурии Федеративии Олмон, вазири федералии иқтисодиёт ва ҳифзи иқлим Роберт Хабек вохӯрданд.
Дар он маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба манфиати тарафҳо хоҳад буд.
Ҷонибҳо дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самтҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноати кӯҳию хӯрокворӣ, кишоварзӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, ҷалби сармоя ва технологияи пешрафтаи Олмон ба иқтисодиёти Тоҷикистонро матраҳ карданд. Барои таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷабҳа татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва соҳибкорӣ зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, ба масъалаҳои муҳити зист, бахусус татбиқи ташаббусҳои обу иқлимии Тоҷикистон, таваҷҷуҳ зоҳир гардида, таъкид рафт, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судманд дар ин замина идома меёбанд.

Санаи нашр: 02.10.2023 №: 195
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив