ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САРМОЯГУЗОРӢ. ДУШАНБЕ МИЗБОНИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

САРМОЯГУЗОРӢ. ДУШАНБЕ МИЗБОНИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

02 октябр 2023, Душанбе
16
0


Рӯзҳои 29-30-юми сентябр дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-2023» доир гардида, дар он намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, вазорату кумитаҳо ва дигар сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ширкат доштанд. 

Ҳадафи Форум, асосан, муаррифии бештари шароит ва имконоти фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин, фароҳамсозии имконият барои рушди тиҷорати рақамӣ бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳисоб меравад.
Маросими ифтитоҳи расмии Форум бо паёми, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиён ба таври миҷозӣ сурат гирифт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки баргузории форумҳои сармоягузориву соҳибкорӣ барои иштирокчиёни онҳо ҷиҳати муколама, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли муҳимтарин масоил ва мушкилоти иқтисодиёти минтақа ва ҷаҳон имконияти мусоид фароҳам меоварад. Дар баробари ин, чунин чорабиниҳо ба густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни кишварҳо ва соҳибкорону сармоягузорон мусоидат менамоянд. 
Гуфта шуд, ки имрӯз кишвари мо бо зиёда аз 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ анҷом дошта, соҳибкорони мо дар миёни доираҳои соҳибкорӣ ҳамчун шарикони боэътимод эътироф гардидаанд. 
Дар Форум, инчунин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ, чунин зикр карданд: «Мо имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон аз кишвари воридкунанда ба кишвари содиркунанда табдил ёфтааст. Яъне, дар як муддати кӯтоҳ номгӯи молу маҳсулоти содиротӣ ба 450 адад расидааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 25 баробар зиёд мебошад».
Рустами Эмомалӣ, инчунин, аз ҳамкориҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар кишвар сухан гуфта, изҳор намуданд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ дар кишвари мо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ба ин муносибат, аз сармоягузорон ва намояндагони бахши хусусӣ ва доираҳои ҳавасманди олмонӣ ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии муҳими иқтисодӣ ва, ба ин васила, барқарор намудани робитаҳои мустақими корӣ даъват ба амал оварда шуд.
Баъд аз маросими расмии Форум меҳмонон ва иштирокдорони «Душанбе-2023» аз намоиши маҳсулоти техникӣ, сохтмонӣ, қаннодӣ ва кишоварзии Тоҷикистон, ки дар бинои «Душанбе Экспо» баргузор гардид, дидан намуданд. Дар ин ҷо маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ, аз ҷумла ширкатҳои «Зари тоҷик» ва ҶДММ «Равшан», «Талкогруп», «Зиркон», «Покиза», «Макколи», «Bisness Technology Services» ва амсоли инҳо, ба маърази гузошта шуд. Муҳимтар аз ҳама, ба меҳмонон ва иштирокдорони Форум ҷараёни сохтмони иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи  обии «Роғун» манзур гардид. 
Зикр кардан ба маврид аст, ки маросими Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-2023» дар Кохи Истиқлоли пойтахт баргузор шуда, кори он дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои панелӣ идома ёфт. Ҷаласа мавзуъҳои «Имкониятҳои сармоягузории шаҳри Душанбе», «Саноат – омили асосии рушди иқтисод ва заминаи мусоиди сармоягузорӣ», «Тоҷикистон – кишвари энергияи сабз», «Иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика, «Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя», «Рушди «иқтисоди сабз», «Рақамисозӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ба бозори ҷаҳонӣ», «Рушди нақлиёт, логистика ва коммуникатсияи нақлиётӣ», инчунин, «Имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи тандурустӣ, дурнамои рушди саноати дорусозӣ ва тибби хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро фаро гирифта, ширкаткунандагон таклифу пешниҳодҳои худро изҳор намуданд.   
«Имкониятҳои сармоягузории шаҳри Душанбе» ва «Саноатикунии босуръат – омили асосии рушди иқтисод» – таҳти ин унвонҳо, махсусан намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар намояндагони хориҷӣ, аз ҷумла Беларус, Россия, Чин ва Австралия, баромад ва суханронӣ карданд. Нахуст, Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, оид ба имкониятҳои соҳаи сайёҳии кишвар ва шаҳри Душанбе маъруза намуда, гуфт, ки тақвият додани саноатикунонӣ ва суръат бахшидани он яке аз ҳадафҳои калидии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт саноатчиён ва истеҳсолгарони мамлакат ба муваффақиятҳо ноил гардиданд.
Дар ҷаласаҳои панелӣ, инчунин, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар мавзуи "Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя" баромад намуд. Зафар Абудуллоев, директори департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон, дар навбати худ, оид ба қарзҳо ва имтиёзҳои додашуда ба соҳибкорон маъруза пешниҳод кард. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 205 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодааст, ки аз аввали татбиқ то инҷониб зиёда аз 117 миллион доллари ИМА ва соли сипаришуда 28 миллион доллари ИМА аз худ карда шудааст. Танҳо дар семоҳаи аввали соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ 154 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 маротиба зиёд мебошад. 
Ҳамин тариқ, дар қисмати баъдии ҷаласа роҳбари минтақавии БАТР дар Осиёи Марказӣ ва Муғулистон Ҳолгер Вифел низ, суханронӣ намуда, дар анҷом маросими баимзорасонии Харитаи роҳ оид ба амалисозии лоиҳаи Коорпоратсияи байналмилалии молиявӣ «Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул» ҷиҳати соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024 сурат гирифт.
Дар рӯзи дуюми кори Форум иштирокдорон ба се гурӯҳ тақсим шуда, ба корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Турсунзода сафар анҷом доданд ва бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд. Аз ҷумла, иштирокдорони Форум аз Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷопон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Британияи Кабир, Сингапур ва чанде аз кишварҳои арабӣ аз Неругоҳи барқи обии «Норак», Минтақаи озоди иқтисодии   «Данғара», корхонаҳои саноатии он, хусусан ҶСП «Ҷунтай – Данғара Син Силу Текстил», дидан намуданд ва ба фаъолияти чунин иншооти саноатӣ ва гидроэнергетикӣ баҳои баланд доданд, ки аз фазои мусоиди сармоягузорӣ дарак медиҳад.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
Руҳафзо МУРОДОВА, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 02.10.2023 №: 195
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив