ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАҲОНИШАВӢ.  ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН АЗ ҶУМЛАИ МАСЪАЛАҲОИ МЕҲВАРИСТ 

ҶАҲОНИШАВӢ.  ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН АЗ ҶУМЛАИ МАСЪАЛАҲОИ МЕҲВАРИСТ 

04 октябр 2023, Чоршанбе
141
0


Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ: вазъ ва дурнамо” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва воситаҳои ахбори омма ҳамоиши илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир гашт. 
Хайриддин Усмонзода, директори Марказ, зикр намуд, ки баргузории чунин ҳамоиш имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои умдаи муҳити ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳокима шуда, мақсад ва ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо дарназардошти хусусиятҳои шаклгирии равандҳои дохилидавлатию байналмилалӣ аз дидгоҳи назариявию амалӣ боз ҳам амиқ ва равшан карда шаванд. 
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (23-юми декабри соли 2022) зикр шудааст: “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.  Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.  Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.” 
Маврид ба зикр аст, ки бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст. 
Гуфта шуд, ки ин конфронс нишони ҷонибдорӣ аз дастурҳои Пешвои муаззами миллат, инчунин, ҳамчун бахши меҳварии имрӯз ва ояндаи сиёсати давлатӣ эътироф гардидани масъалаи ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 
Саидаҳтам Талбаков, сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегӣ, иброз дошт, ки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир давлатҳоро маҷбур месозад, ки сиёсати давлатӣ ва барномаҳои рушдро таҳрезӣ ва амалӣ созанд.
– Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бо мақсади дастёбӣ ба манфиатҳои миллӣ, дар робита ба вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон сиёсати давлатии худро ба роҳ монда, бо дарназардошти аҳолии ҷавони мамлакат, амалишавии қариб тамоми самтҳои муайянгардидаи сиёсати дохилию хориҷии кишвар ба ҷавонон вобаста мебошад. Аз ин рӯ, дуруст ба роҳ мондани тарбияи ҷавонони солиму ояндасоз ва сари вақт амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсати давлатии ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад, – гуфт Саидаҳтам Талбаков.
Дар чорабинӣ, инчунин, сардори раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегӣ Ораз Муртазоев, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва собиқадорони раёсат оид ба корҳои сиёсӣ ва тарбиявии Вазорати мудофиа Абдуррашид Ҳотамиён, корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Вафо Наимов, директори  Маркази ташаккули фарҳанг ва рушди иҷтимоии ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зарнигор Раҷабова ва дигарон суханронӣ намуданд. 

Шодмон АБДУРАҲИМ, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 03.10.2023 №: 196
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив