ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “КИТОБИ ДУШАНБЕ”.  ТАНТАНАИ ЁЗДАҲУМИН НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 

“КИТОБИ ДУШАНБЕ”.  ТАНТАНАИ ЁЗДАҲУМИН НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 

04 октябр 2023, Чоршанбе
39
0


3-юми октябр бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ёздаҳумин Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе», ки то 5-уми октябр, идома меёбад, бо шукӯҳу шаҳомати хоса оғоз ёфт. Чорабинии фарҳангӣ ноширони ватаниву хориҷиро ба ҳам овард. 

Зимни ифтитоҳи он Муҳиддин Пайшанбезода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, китобро муҳимтарин дастоварди ҷомеаи башарӣ унвон карда, иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашр ва рушди китобдори иқдомоти шоистаеро роҳандозӣ намудааст. Фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ имкон дод, ки дар кишвар теъдоди нашриётҳои давлативу хусусӣ сол ба сол афзуда, китоб ҳамчун василаи камолоти инсон мақоми хоссаеро соҳиб гардад. Ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, аз қабили Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ройгон дастрас гардидани “Тоҷикон” – шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров, ба ҳар як хонадон, таҷлили Рӯзи китоб аз ҷумлаи дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақоми китоб дар кишвар маҳсуб меёбад. Умед дорем, ки чорабинии имрӯза барои табодули таҷрибаи ноширон, муаррифии китобҳои тозанашр ва таҳкими фазои дӯстии миллатҳо мусоидат хоҳад кард. 
Бояд гуфт, ки аз соли 2013 инҷониб баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» дар пойтахти кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Иқдоми наҷиб аз ҷониби Роҳбари мамлакат, зиёиён ва аҳли ҷомеа хуш пазируфта шуд, зеро Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” дар таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои дӯсту бародар, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва маънавии насли наврас ва ҷавон тавассути мутолааи осори адибон нақши созгор мегузорад.
Дар Намоишгоҳи мазкур зиёда аз 30 ношири дохилу хориҷи кишвар, аз ҷумла Муассисаи нашриявии “Маориф”, “Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик”, «Нашриёти муосир», «Адиб», «Ирфон», намояндагони нашрияҳои Россия, Ҳиндустон, Туркия, Беларус, Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон иштирок намуда, китобҳои тозанашри худро ба намоиш гузоштанд.
Мустафо Муҳандиси Хуросонӣ, шоири Эрон, баъд аз шиносоӣ бо маҳсули Намоишгоҳ таассуроти бардоштаашро чунин баён дошт: “Мо бо Тоҷикистон марбут ба як фарҳанг ва тамаддуни таърихӣ ҳастем. Муштаракоти фаровоне дорем. Пайванди шоирони Тоҷикистону Эрон дар сад соли охир барқарор буда, дӯстиҳо, рафтуомадҳо хуб ба роҳанд. Осори бисёре аз шоирони тоҷик дар нашриёти Эрон чоп шудаанд. Мо бо ҷомеаи шеърии Тоҷикистон ошноии комил дорем. Ин гуна намоишҳо ва мубодилаҳои фарҳангӣ барои ошноӣ пайдо кардан бо осори кишварҳои гуногун ба манфиати кор аст. Миллати тоҷик ба китоб ҳамчун ба яке аз унсурҳои афзуни фарҳанги башарӣ иртиботи қавӣ, муносибати нек ва таваҷҷуҳи хосса дорад.” 
Дар доираи баргузории Намоишгоҳ як қатор маҳфилҳову конфронсҳои илмӣ дар назар аст. Маҳфили адибони Тоҷикистону Россия, Тоҷикистону Эрон, муаррифии китобҳои Эрон, асарҳои тозанашри ноширони ватаниву хориҷӣ, конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши китоб дар густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ”, рӯнамоии антологияи адабиёти кишварҳои ИДМ, барномаи дастгирии адабиёти миллии халқҳои Россия, боздиди ноширони хориҷӣ аз ҶСП “Нашриёти муосир”, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ ва майдони “Истиқлол” дар назар аст. 

Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.10.2023 №: 197
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив