ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФИЛМИ “ДОВ” ДАР ФЕСТИВАЛИ “ГАВҲАРИ РОҲИ АБРЕШИМ” ШИРКАТ КАРД

ФИЛМИ “ДОВ” ДАР ФЕСТИВАЛИ “ГАВҲАРИ РОҲИ АБРЕШИМ” ШИРКАТ КАРД

04 октябр 2023, Чоршанбе
39
0


Аз 29-уми сентябр то 2-юми октябри соли равон дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, таҳти унвони  “Гавҳари Роҳи абрешим” Фестивали XV байналмилалии синамо баргузор шуд. Дар он зиёда аз 300 нафар аз 52 давлат, аз ҷумла  Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Исроил, Хорватия, Ҷопон, Лаҳистон, Фаронса, Латвия, Чили, Корея, Эстония, Олмон, Португалия, Сингапур, Украина, ширкат карданд. 

Дар маросими ифти-тоҳи чорабинӣ гуфта шуд, ки он соли 1958 ҳамчун Фестивали байналмилалии мамлакатҳои Осиё ва Африқо таъсис ёфта, соли 1976 ба Фестивали байналмилалии кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ табдил ёфтааст. Баъди ба даст овардани истиқлол, Ӯзбекистон ҳамагӣ ду маротиба (солҳои 1992 ва 1997) бо номи Фестивали байналмилалии синамои Тошкент ҳунармандонро гирди ҳам овардааст. Соли 2021 Фестивал таҳти унвони «Гавҳари Роҳи абрешим» эҳё шуд. 
Тоҷикистон дар ин Фестивал бо филми “Дов”-и коргардони ҷавон Муҳиддини Музаффар иштирок намуд. Қабл аз намоиши филм директори “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён изҳор намуд, ки соли 2022 он дар номинатсияи  "Беҳтарин филми ҳунарӣ" ҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон»-ро ба даст овардааст. Инчунин, дар 28-ум Фестивали байналмилалии филмҳои Калкутта дар номинатсияи “Филми беҳтарин” соҳиби ҷоизаи “Netpac" ва соли равон дар Фестивали XIX байналмилалии филмҳои мамолики мусулмонӣ дар Қазон дар номинатсияи «Беҳтарин сенарияи филми бадеии пурраметраж» соҳиби ҷоизаи махсус гардидааст. 
Коргардон ва таҳиягари филми “Дов” Муҳиддини Музаффар зимни суханронӣ ба ҳамаи онҳое, ки дар таҳияи филм саҳм гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ кард. 
Дар анҷом намояндагони Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ба меҳмонони тоҷикистонӣ барои ширкат дар Фестивал арзи сопос намуда, онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонданд.  
Дар доираи Фестивал, ҳамчунин, дарсҳои маҳорати чеҳраҳои варзида, намоишҳои вижаи филмҳо, инчунин, озмуни анъанавии “Синамо дар панҷ рӯз” доир гардид. Дар озмун имсол 14 коргардони ҷавон аз 7 донишгоҳи кишварҳои ИДМ – Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Россия, ширкат карданд. Иштирокчиён дар ҷойҳои муҳими фарҳангӣ ва таърихии Ӯзбекистон филм ба навор гирифтанд. Донишҷӯёни Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзодаи Тоҷикистон дар маҷмааи Ҳазрати Имом, воқеъ дар шаҳри Тошкент, филм сохтанд. 

А. МИРАСРОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.10.2023 №: 197
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив