ЗАБОНИ МОДАРӢ САРВАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ
Дар Суди Олии иқтисодӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5-уми октябр таҷлил мегардад, ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Раиси Суди Олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода иброз намуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ беш аз пеш рушду нумӯ менамояд .
Таъкид шуд, ки ёдгориҳои тамаддуни чандинҳазорсолаи ориёӣ маҳз тавассути забони шево ва пурғановати тоҷикӣ ва қаринаҳои бостониву аҳди миёнаи он то замони мо расидаанд. Имрӯз оламиён ба он дастрасӣ пайдо намудаанд, ки ин ҳам мояи ифтихори ворисони тамаддуни қадимӣ ва ҳам масъулияти бузурги онҳо дар назди гузашта ва имрӯзу оянда мебошад.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассуми таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик ва сарвати бебаҳои он ба шумор меравад.
Ҳангоми ҳамоиш иштирокдорон доир ба бақои забони миллӣ андешаҳои хешро баён дошта, гиромӣ доштани забони тоҷикиро вазифаи инсониву виҷдонии ҳар фарди бонангу номуси мамлакат шумориданд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон аз қабули қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 14 сол сипарӣ мегардад.
Меҳрона ЗУВАЙДОВА,
«Ҷумҳурият»