СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
5-уми октябр суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин доир шуд.
Президенти Россия Владимир Путин дар оғози суҳбат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзашон самимона табрик гуфта, таманниёти беҳтарини худро изҳор доштанд.
Сарварони давлатҳо оид ба ҳолати феълӣ ва дурнамои робитаҳои ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ изҳори назар намуданд.
Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати андешидани тадбирҳои минбаъда дар ростои пешбурди равобиту ҳамкориҳои созандаи ду мамлакат таъкид сохтанд.
Ҳамчунин, атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
5-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Ӯзбекистон Пешвои миллатро ба муносибати рӯзи таваллудашон самимона ва гарм табрик гуфта, ба Сарвари давлат сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатияшон комёбиҳои беназир орзу намуданд.
Дар идомаи суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо изҳори бовар карданд, ки равобит ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар минбаъд низ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар рушду тавсеа хоҳанд ёфт.
Сарварони давлатҳо, ҳамзамон, дар атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.
5-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Қазоқистон дар оғози суҳбат Президенти Тоҷикистонро бо зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба Сарвари давлати мо саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатияшон комёбиҳои навин хостанд.
Сарварони давлатҳо зимни изҳори назар оид ба раванди рушди афзояндаи ҳамкории ҷории Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои алоҳидаи муносибату робитаҳои ду кишварро дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо дар робита ба идомаи саъю талошҳо ҷиҳати пешбурди босамари равобити ду кишвар изҳори омодагӣ намуданд.
Дар зимн, президентҳои Тоҷикистону Қазоқистон оид ба масоили мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳ ибрози андеша карданд.
5-уми октябр суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко баргузор гардид.
Нахуст, Раиси Палатаи болоии парламенти Россия Пешвои миллатро бо изҳори таманниёти нек бо зодрӯзашон сидқан табрик гуфт.
Дар рафти суҳбат оид ба масъалаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, ки дар раванди густариши муносибатҳои ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ саҳми босазо доранд, табодули назар анҷом гирифт.
Пешвои миллат рушди пайвастаи ҳамкориҳо бо Россияро аз авлавиятҳои Тоҷикистон дониста, изҳори бовар карданд, ки равобити байни мамлакатҳо минбаъд ҳам мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар ривоҷ хоҳанд ёфт.
5-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо телефон суҳбат намуданд.
Александр Лукашенко Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, таманниёти неки худро иброз дошт.
Дар баробари изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи феълии муносибатҳои байнидавлатӣ, сарварони давлатҳо аз идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Беларус барои пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмуи робитаҳои ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ ҷонибдорӣ карданд.
Президентҳои Тоҷикистону Беларус, ҳамзамон, атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.
5-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ карданд.
Нахуст, Нурсултон Назарбоев Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику таҳният гуфта, таманниёти беҳтарини худро иброз доштанд.
Ҷонибҳо анъанаҳои пурифтихору таърихии муносибатҳои нек ва дӯстии мардумони ду кишварро таъкид сохта, аз раванди рушду тавсеаи минбаъдаи онҳо ҷонибдорӣ карданд.
Пешвои миллат, дар навбати худ, ба Нурсултон Назарбоев сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор ва некуаҳволӣ орзу намуданд.