ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАНҶ. ПАЙИ ҚАДАМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ФАЙЗРЕЗ АСТ

ВАНҶ. ПАЙИ ҚАДАМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ФАЙЗРЕЗ АСТ

12 октябр 2023, Панҷшанбе
14
0


Соҳибкорони ноҳияи Ванҷ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-умин солгарди  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагиро вусъат бахшида истодаанд. 
Дар ноҳия зиёда аз 110 иншооти саноатӣ, роҳдорӣ ва иҷтимоӣ  давра ба давра мавриди истифода қарор дода мешавад. Бунёди қитъаи роҳи   93-километраи  Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон дар вусъатободи  шоҳроҳи автомобилгарди байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Кулма бо маром идома дорад, ки қариб 45  километраш аз ҳудуди ноҳияи Ванҷ мегузарад. Дар сохтмони он даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ, махсусан ҷавонон, саҳм мегузоранд. Онҳо маоши  хуб мегиранд ва аз дигар имтиёзҳо низ бархӯрдоранд.
Роҳбарону масъулон ба масъалаи тахту ҳамворсозӣ, мумфаршу шағалпӯш кардани  роҳҳо, таъмири пулҳои мошингузари миёни деҳот  низ  аҳамияти  ҷиддӣ медиҳанд. Аз ҷумла, дар арафаи Ҷашни 32-солагии  Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ёрии   Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон бо шарикии  Бонки ҷаҳонӣ пули мошингузари ҷониби деҳаи Гишхуни деҳоти ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев аз болои дарёи Ванҷоб   ба маблағи бештар аз 360 ҳазор сомонӣ тармим  гардид. Ин иқдомро паймонкор, Ҷамъияти дорои  масъулияти маҳдуди “Истиқлол”,  бо роҳбарии ҷавони ташаббускор  Фирдавс Искандаров  дар кӯтоҳтарин фурсат бо сифати баланд ба иҷро шуд. Акнун, мошину тракторҳо ҳам аз болои пул бедушворӣ  мегузаранд. Ин ҷавонмарди ватандӯст ва дорои азму  иродаи қавӣ дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-умин солгарди  Истиқлоли давлатии кишвар бинои зебои маркази эҷодии кӯдакон ва наврасонро бунёд кард, ки ҷавобгӯй ба талаботи меъморӣ ва шаҳрсозист. Дар синфхона ва  ҳуҷраҳои кушоду барҳавои он насли наврас касбу ҳунар меомӯзад. Ин муассисаи иҷтимоиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 16-уми августи соли ҷорӣ, зимни сафари корӣ ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва ба шарафи сохтмончиёни заҳматпеша суханони руҳбаландкунанда гуфтанд. 
Соҳибкори муваффақ Воҳид Искандаров низ бинои сеошёнаи  кӯдакистонро бо фарогирии зиёда аз 200 нафар бунёд кард. Боғча низ бо иштироки Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт.  Инчунин, зиёда аз як километр роҳи кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Рохарвро  мумфарш  намуд. Бародарони ободкору бунёдгар  дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшону Ишкошим низ ба сохтмони иншооти иҷтимоӣ, манзилҳои истиқоматӣ  ва дигар амалҳои шоиста  машғул мебошанд. 

Сироншоҳи ДИЛОВАР,  
рӯзноманигор  

Санаи нашр: 11.10.2023 №: 202
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив