ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТЗАЛ

ФУТЗАЛ

12 октябр 2023, Панҷшанбе
17
0


Тими мунтахаби Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024, дар гурӯҳи «Е», мақоми якумро касб карда, ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи “Е” аз 7 то 11-уми октябр дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор шуд. 
Тими Тоҷикистон дар ҳар се бозӣ муқобили дастаҳои Ҳиндустон (6:3), Фаласатин (6:1) ва Мянмар (3:0) пирӯз шуд. Аз гурӯҳ, ҳамчунин, дастаи Мянмар, ки ҷои дуюмро гирифт, ба қисмати ниҳоӣ баромад. 
Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар таърихи худ бори дувоздаҳум дар Ҷоми Осиё оид ба футзал ширкат мекунад. 17-ум даври Чемпионати Осиё оид ба футзал аз 17 то 28-уми апрели соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад.


ФУТБОЛ
Медали биринҷии тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми рушди UEFA
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми рушди UEFA дар Минск мақоми сеюмро касб кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони навраси тоҷик дар ду бозӣ аз тимҳои Россия (0:4) ва Беларус (2:5) шикаст хӯрд ва дар мубориза барои медали биринҷӣ бар ҳамсолони худ аз Қирғизистон (6:1) ғолиб омаданд.


САМБО
Медали паҳлавони тоҷик дар Гран-прии Қазон
Паҳлавони тоҷик Абдуҷаббор Сафаров дар Гран-прии самбо, ки 3-4-уми октябр дар шаҳри Қазони Тотористон баргузор шуд, дар вазни -98кг-и самбои размӣ медали биринҷӣ ба даст овард.
Дар мусобиқа варзишгарон аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат карданд. 
Аз ҷумҳурии мо шаш варзишгар дар рақобатҳо миёни мардон рақобат намуданд ва аз байни онҳо танҳо Абдуҷаббор Сафаров медал гирифт.
Гран-прии Қазон дуюм давраи мусобиқот ба шумор мерафт. Давраи аввал дар шаҳри Уфаи Бошқирдистон баргузор шуд.
Ҳамин тавр, ғолибону ҷоизадорони ду давраи мусобиқа дар даври ниҳоӣ, ки моҳи декабри имсол дар шаҳри Екатеринбург доир мегардад, ширкат хоҳанд кард.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 12.10.2023 №: 203
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив