Мулоқоти вазири молия бо директори иҷроияи Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд
Дар Шоҳигарии Марокаш вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори иҷроияи Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд Андрей Широков мулоқот кард.
Аз Вазорат ба мо хабар доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ изҳори назар намуданд.
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Россия масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуданд
Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Федератсияи Россия Николай Шулгинов вохӯрд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду мамлакат дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба «Ҷумҳурият» аз маркази матбуоти Вазорати мазкур хабар доданд.
Табодули назар доир ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ
Дар шаҳри Леувардени Шоҳигарии Нидерланд бо иштироки роҳбарият ва масъулони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва доираҳои тиҷоратии Нидерланд дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ додааст, ки дар чорабинӣ ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани робитаҳои судманд дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, табодули афкор намуданд.
Татбиқи барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил
Дар шаҳри Душанбе гурӯҳи кории мутахассисони байналмилалӣ самти татбиқи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ро баррасӣ намуданд.
Аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мо хабар доданд, ки дар баррасии барнома коршиносони Бюрои аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Кумитаи чароғаки сабз, Ҳамкории боздошти сил ва Созмони ҷаҳонии маводи доруворӣ, ки дар самти ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил фаъолият доранд, иштирок намуданд.
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ
Давоми нуҳ моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 43809,5 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3192,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рустанипарварӣ 33379,0 миллион ва маҳсулоти чорвопарварӣ 10430,5 миллион сомониро ташкил дод. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 55,7 ва бахши аҳолӣ 44,3 дарсадро ташкил медиҳад.
Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон»
Имрӯз бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» оғоз мегардад.
Дар доираи ҷашнвора баргузории рӯзҳои кинои Федератсияи Россия ва Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, Форуми байналмилалӣ бахшида ба 120-солагии асосгузори кинои тоҷик Комил Ёрматов, намоиши аксҳои Заур Дахте «Шаҳри ман – хонаи ман», дарсҳои «Устод ва шогирд», ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои ИДМ дар назар аст.