ХУҶАНД. ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН МИЁНИ ҶАВОНОН
12-15-уми октябр дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии камарбандӣ миёни ҷавонони то 20-сола баргузор шуд.
Дар мусобиқа варзишгарон аз 20 давлат – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Руминия, Гурҷистон, Муғулистон, Беларус, Ҳиндустон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия, Замбия, Колумбия, Нигерия, Миср, Молдова, Украина ва Марокаш иштирок карда, дар 22 вазн (8 вазн тарзи классикӣ, 8 вазн тарзи озод, 6 вазн гӯштии бонувон) гӯштӣ гирифтанд. Аз ҷумла, Тоҷикистонро 38 нафар (32 мард, 6 зан) намояндагӣ карданд.
Дар маросими кушодашавии Чемпионат раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарият ва намояндагони Федератсияи байналмилалии гӯштии камарбандӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи гӯштии камарбандии Тоҷикистон иштирок карданд.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки бо ҳидоят ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ба мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни қишрҳои ҷомеа қадамҳои устувор гузошта шуданд. Имрӯз мо имконият дорем, ки мусобиқаҳои сатҳи байналмилалиро мизбонӣ кунем.
Мусобиқа дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд давоми чор рӯз идома ёфта, ғолибон муайян ва аз ҷониби раиси вилоят ва раиси Федератсияи байналмилалии гӯштии камарбандӣ бо медал, диплом, ҷоизапулӣ қадр шуда, ба ғолибони даставӣ ҷом тақдим гардид.
Ба иттилои раиси Федератсияи гӯштии камарбандии Тоҷикистон Шавкат Зарипов, тими мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионат 12 медал – 1 тилло, 6 нуқра, 5 биринҷӣ, ба даст овард.
Бобоҷон ҚУРБОНОВ,
“Ҷумҳурият”