ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАНЗИМ.  ТАҲҚИҚОТИ НАЗАРИЯВӢ ВА ТАЪРИХӢ-ҲУҚУҚӢ

ТАНЗИМ.  ТАҲҚИҚОТИ НАЗАРИЯВӢ ВА ТАЪРИХӢ-ҲУҚУҚӢ

17 октябр 2023, Сешанбе
64
0

 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паём (соли 2016)  супориш дода буданд, ки, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ворид карда шавад. Вобаста ба ин, ҳамзамон, Қонуни мазкур мавриди таҳқиқи пажӯҳишгарон сурат гирифт ва, дар ин замина, рисолаҳои илмӣ таълиф гардиданд. Яке аз онҳо «Сарчашмаҳои танзими ҳуқуқии анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Таҳқиқоти назариявӣ  ва таърихӣ-ҳуқуқӣ» мебошад, ки онро Шарифзода Муҳаммадӣ Шариф, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, таълиф ва ҳимоя кардааст. 
Суҳбати хабарнигори рӯзнома бо ӯ дар атрофи ин ва дигар масоили марбут ба танзими анъана ва  ҷашну маросим мебошад.
– Мурод аз таълифи ин рисола чӣ буд?
– Бешак, урфу одат, маросиму анъанаҳо ва ҷашнҳои миллию динӣ дар ҳаёти ҳамаи миллатҳо аҳамияти бузург доранд. Инчунин, таҷассумгару ташаккулдиҳандаи ҳувият ва хусусиятҳои хоси ҳар як фарҳанги миллӣ мебошанд. Дар масири таърих маросиму анъанаҳо ва ҷашнҳои миллию динӣ ҳамчун меъёрҳои иҷтимоӣ табиати ҳуқуқӣ касб карда, дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ, ташаккулу такомули ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири амиқ расондаанд. Ин тамоюл нақши худро имрӯз низ дар ҷомеаҳои миллии ба истилоҳ анъанавӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, то ҳадде нигоҳ доштааст. Онҳо барои ба эътидол овардани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи худшиносии миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии миллати тоҷик нақши асосӣ мебозанд. Тавассути онҳо робитаи маънавии байни наслҳои гузашта ва муосиру ояндаи миллат давом меёбад,    бақои  ҳастӣ ва мавҷудияти муттасилонаи он дар саҳнаи таърих таъмин мегардад. 
– Баррасии илмии расму анъанаҳо ва табиати ҳуқуқии он чӣ имкониятро ба вуҷуд оварда метавонад?
– Дар ин сурат  имконият ба вуҷуд меояд, ки муносибати халқ дар масири таърих ба ин сарчашмаҳои рафтор, чигунагии таъсири мероси фарҳангии дигар халқҳо ба шаклгирии ин меъёрҳои иҷтимоӣ, инчунин, нақши урфу одат ва ҷашну маросим ҳамчун муайянкунандаи руҳии ҳуқуқии халқ  ва унсури таркибии ҳувияти миллӣ дар  этногенез ва    ташаккули миллат омӯхта шавад. Омӯзиши раванди ташаккул  ва таҳаввули ҷашну маросим ва анъанаҳо ин  имконро низ фароҳам меорад, ки махсусияти низомҳои таърихии ҳуқуқӣ: ҳуқуқҳои одатӣ, анъанавӣ, динии мардуми бумӣ ва ҳуқуқҳои аз таҷрибаи халқҳои дигар дар масири таърих воридшуда, дуруст баҳогузорӣ гардад. Ин омӯзиш, ҳамзамон, имкон медиҳад, ки давраҳои асосӣ ва қонунияту хусусиятҳои инкишофи шуури ҳақиқӣ, тасаввурот ва афкору ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқии халқи тоҷик ошкор ва таҳқиқ карда шаванд. 
То қабули Қонун вазъи гузарондани ҷашну маросими мардумӣ хеле вазнин ба назар мерасид. Аксар ҷашну маъракаҳои миллӣ  ва маросими динӣ, ки дар доираи хонавода ва наздикон сурат бояд гиранд, ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфта, ба манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардум зарари ҷиддӣ ворид намуданд. Президенти кишвар ҳамчун сиёсатмадор ва стратеги комил вазъро дар ин самт таҳлил намуда, дуруст ва нишонрас таъкид карданд: «Мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму оинҳои халқӣ ва маросими динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосии мо он аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо, ба раҳоии мардуми кишвар ва банди худнамоӣ аз таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем». 
Ҳамчунин, Қонуни мазкур талаботи иҷтимоии ҷомеаро ба мавҷудияти мусбати анъана, расму оин ва ҷашну маросим ифода намуда, таҷрибаи нодири танзими ҳуқуқии анъана ва ҷашну маросим ба ҳисоб меравад, зеро то имрӯз ягон давлати дигар чунин иқдоме ба хотири ислоҳ ва навсозии маросими мардумӣ ва ба талаботу ниёзҳои муосири ҷомеа мутобиқ сохтани онҳо аз худ нишон надода буд. 
Ин Қонун хилофи талаботҳои умумибашарӣ набуда, меъёрҳои он ба пешгирии хароҷоти барзиёд ва ҳифзи шаҳрвандон мусоидат менамояд,  ба оилаҳо сарфаю сариштакориро ҳамчун рукни асосии гузарондани маросим меомӯзад, ҷиҳати дастгирии қишрҳои камбизоат хизмат мекунад. 
Дастовардҳо дар ин соҳа бори дигар собит менамоянд, ки Қонуни танзим ба боло бурдани сатҳи зиндагии шаҳрвандон  мусоидат кардааст.

Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 16.10.2023 №: 205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив