ВАРЗИШ
ҶУДО
Дар “Abu Dhabi Grand Slam 2023” Тоҷикистонро 7 варзишгар намояндагӣ
мекунад
24-26-уми октябр мусобиқаи навбатии “Сайри ҷаҳонии ҷудо” – Гранд слами Абу Забӣ (АМА) доир мегардад.
Дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо барои иштирок дар мусобиқа 471 гӯштигир (292 мард, 179 зан) аз 81 давлати дунё номнавис шудаанд. Аз ҷумла, тими ҷудои Тоҷикистон дар ҳайати шаш нафар ба АМА сафарбар хоҳанд гашт: Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Меҳрзод Суфиев (-60кг), Обид Ҷебов (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-81кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг).
Чун анъана, ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ва холҳои олимпӣ, инчунин бо ҷоизапулӣ қадр мешаванд: ҷои аввал – 5000, ҷои дуюм – 3000 ва ҷои сеюм – 1500 евро.
Ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқа, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои Россия дар шаҳри Сочи барои дастаҳои мунтахаби ҷудои ҳар ду кишвар ҷамъомади машқӣ-таълимӣ доир кард. Ҷамъомади тамринӣ, ки 8-уми октябр оғоз гардид, имрӯз – 16-уми октябр анҷом меёбад.
4 медали ҷудочиёни ҷавони тоҷик дар Қазоқистон
14-15-уми октябр дар шаҳри Қизилордаи Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо миёни ҷавонон доир гашт.
Тавре ноиби президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков иттилоъ дод, дар мусобиқа дастпарварони Клуби ҷудои “Ҳоҷӣ Шариф” иштирок карда, ба гирифтани 2 медали тилло ва ду нуқра мушарраф шуданд.
Бенямин Назиров дар вазни -66кг ва Илҳомиддин Ҷабборов дар вазни -73кг медали тилло, Мусо Саъдуллоев дар вазни -73кг ва Мустафо Раҳматуллоев дар вазни -81кг медали нуқра ба даст оварданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.10.2023 №: 205