ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

20 феврал 2023, Душанбе
52
0
 
СИЁСАТИ ХОРИҶӢ
Тоҷикистон эътибори байналмилалиашро қавитар месозад
 
Бо ҳидоят ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон имрӯз соҳиби ду раванди мубрами ҷаҳонӣ – «Раванди Душанбе дар мавзуи об» ва «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» гардидааст, ки дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ муваффақияти беназир аст. 
Ин нуктаро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 17 феврал дар ҳузури хабарнигорони дохилию хориҷӣ баён дошт. Номбурда соли 2022-ро новобаста аз вазъи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон, ки бинобар афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ҳамоно мураккаб боқӣ мемонад, барои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмуъ, марҳилаи навбатии идомаи иқдомҳои созанда ва расидан ба натиҷаҳои назаррас арзёбӣ намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки феълан кишвари мо бо 183 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, соли гузашта 34 сафири нави давлатҳои хориҷӣ (муқимӣ ва ғайримуқим) эътимодномаҳои худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супурданд.
Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, дар як соли охир бо мусоидати вазорат ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа 81 анҷумани  иқтисодӣ, соҳибкорӣ, сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар тариқи ҳузурию маҷозӣ баргузор гардидааст, ки дар онҳо беш аз 6 ҳазор соҳибкору сармоягузор ва намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок намуданд. Ҳосили ин чорабиниҳо имзои беш аз 300 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 1,5 миллиард доллари ИМА будааст. Ҳамзамон, беш аз 1100 соҳибкори хориҷӣ ҷиҳати иштирок дар ҳамоишҳои иқтисодию сармоягузорӣ, шиносоӣ аз имкониятҳои сармоягузорию сайёҳии кишвар ба Тоҷикистон ташриф овард.
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»
 
 
Файзиддин Қаҳҳорзода:
“254,6 миллион доллар қарзҳои беруна ва фоизи онҳо пардохт шуд”
Соли гузашта нақшаи даромади буҷет ба андозаи 103,6 дарсад иҷро шуда, ба хазина 36,3 миллиард сомонӣ ворид гардид. Ин нақша аз ҳисоби воридоти андозӣ 106,5 дарсад ё 21,8 миллиард сомонӣ, ғайриандозӣ 118,5 дарсад, ё 2,4 миллиард сомонӣ иҷро шудааст. Ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 2 миллиард сомонӣ ворид гардида, иҷрои нақша 97 дарсад таъмин гашт. Ҳамзамон, барои дастгирии буҷети давлатӣ 100 миллион доллар ҷалб шуд. Барои ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат 34,8 миллиард сомонӣ интиқол ёфт, ки назар ба соли 2021-ум  5,5 миллиард сомонӣ бештар аст. 
Дар ин бора Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи ҷумҳурӣ, зимни нишасти хабарӣ, иттилоъ дод. 
Ба гуфтаи ӯ,  соли рафта тадбирҳо ба он равона шудаанд, ки қарзҳои грантӣ бештар ҷалб шаванд. Дар натиҷа беш аз 600 миллион доллар  ба иқтисоди кишвар ба шакли грант сармоя ворид гардид, ки дар маҷмуи сармоягузориҳо 93 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба андозаи 254,6 миллион доллар қарзҳои беруна ва фоизи онҳо пардохт шуданд. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  “Ҷумҳурият”
 
 
 
САНОАТ
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот  ба 43 миллиард сомонӣ расид
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки давоми соли сипаригардида ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бе назардошти соҳаи энергетика ба беш аз 120 дарсад расид. Дар маҷмуъ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 43 миллиард сомониро ташкил дод, ки рушди он ба 115,4 дарсад баробар ва нисбат ба як соли пеш 5,7 миллиард сомонӣ зиёдтар аст. 
Дар давраи мавриди назар аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 61,4 дарсад ба саноати коркард, 20,4 дарсад ба саноати истихроҷ, 17,8 дарсад ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ, тозакунии ҳаво, 0,4 дарсад ба соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо рост меояд. Сармоягузорӣ аз рӯи навъҳои фаъолияти иқтисодӣ дар соли рафта беш аз 5,6 миллиард сомониро ташкил дода, ба саноати истеҳсол, тақсимоти неруи барқ, газ, об, коркард ва саноати истихроҷ нигаронда шудааст.
Таъкид гардид, ки соли гузашта дар доираи татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат – саноатикунонии кишвар 505 корхонаю коргоҳи нав мавриди истифода қарор гирифт, ки ба саноати хӯрокворӣ 160 корхона, сабук 121, сохтмон 116, мошинсозӣ 99 ва ба дигар соҳаҳо 9 корхона марбут мебошад. Дар онҳо 5475 кас соҳиби ҷойи кор шуд. Аз ҳисоби корхонаю коргоҳҳои нав дар ҳамин давра зиёда аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ панҷ дарсадро ташкил медиҳад.  
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 
 
 
 
 
Агентӣ 264 миллион сомонии сирқатшударо ба манфиати давлат барқарор кард
 
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 483 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронда,  247 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд.
Дар ин бора Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки тавассути чораҳои андешидашуда аз маблағҳои ошкоршудаи зарар  ва дигар тадбирҳои иловагӣ 264 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шуд.
Ҳамзамон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 2155 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро нисбат ба 1176 нафар, ки 918 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиласт, ошкор намуданд.
 
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият” 
 
 
 
НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ 
Бекорон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд
 
– Соли сипаригардида дар минтақаи хизматии 1 ва 2-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт 972 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 120 ҷиноят кам мебошад, – гуфт Умед Гуреззода, раиси ноҳияи Фирдавсӣ, зимни нишасти хабарӣ. 
Ҳамзамон, дар соли рафта аз тарафи нозирони бозрасии давлатии автомобилии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия 13193 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба қоидаситезӣ тартиб дода шудааст. 
Гуфта шуд, ки аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Фирдавсӣ 950 шаҳрванди бекор, аз ҷумла 654 зан, ба касбомӯзӣ ҷалб гашт. 
 
Оламбегими НЕКҚАДАМ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
БМТ 
Пасандозҳо 5,3 миллиард сомонӣ афзуданд
Дар соли 2022 Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти ислоҳоти низоми бонкӣ, тақвияти сиёсати пулию қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ идома дода, баҳри таъмини устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва эътимоди аҳолӣ ба  низоми бонкӣ, инчунин таъмини фаъолияти босуботу бехатари низоми пардохт, равона намуд, – иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар соли ҳисоботӣ сатҳи таваррум 4,2 фоизро ташкил кард, ки нисбат ба соли қаблӣ 3,8 банди фоизӣ кам мебошад. Нишондиҳандаи мазкур, асосан, аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ (5,2 фоиз), молҳои ғайрихӯрокворӣ (4 фоиз) ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ (1,9 фоиз) ба амал омад. 
103 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 9,6 миллиард сомонӣ баргузор шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 21,5 фоиз зиёд мебошад. 
Дороиҳо ва уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзӣ то 31 декабри соли 2022 маблағи 30 миллиард сомонӣ ва 23,7 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2021 мутаносибан 34 фоиз (ё 7,6 миллиард сомонӣ) ва 36,9 фоиз (ё 6,4 миллиард сомонӣ) афзоиш ёфтаанд. Бақияи умумии пасандозҳо 15,5 миллиард сомонист, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 5,3 миллиард сомонӣ ё 52,6 фоиз зиёд мебошад. 
– Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ дар соли 2022 ба низоми бонкии кишвар 1,3 миллиард доллари ИМА қарз, сармоягузориҳои мустақим ҷалб шуданд, ки нисбат ба соли пеш 268,7 миллион доллари ИМА ё 26,6 фоиз зиёд аст, - гуфт Ҳоким Холиқзода.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
 
 
ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ
Қонуншикании вобаста ба замин мушкили №1 боқӣ мемонад!
 
Давоми соли 2022 аз тарафи мақомоти прокуратура зиёда аз 16 гектар қитъаи заминҳои ғайриқонунӣ тақсимгашта ва худсарона ишғолгардида ба ҳолати аввала баргаронда шудаанд. Ин маълумотро Раҳмон Юсуф, Прокурори генералӣ, зимни нишасти хабарӣ баён дошт. 
Ба саволи “Ҷумҳурият” дар иртибот ба ин масъалаи доғ Прокурори генералӣ чунин посух дод: “Тайи як сол мо ба 1000 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо доир ба тақсимоти ғайриқонунии замин эътирозҳои прокурорӣ овардем. Қонунвайронкуниҳо оид ба замин дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Кӯшониён, Шаҳритус, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен бештар сабт шудаанд. Одат шудааст, ки ба заминҳои ғайриқонунӣ тақсимгашта, ҳатто дар як шаб иншоот месозанд, то онро дар оянда ба ҳар роҳу восита ҳуҷҷат намуда, қонунӣ кунанд. Фақат дар гирду атрофи шаҳри Душанбе зиёда аз ҳазор иншооти бунёдшуда, аз ҷумла 300 хона, ки ғайриқонунӣ бунёд гардида буд, ба ҳолати аввала баргардонда шуд”.
Тибқи иттилоъ, танҳо дар як сол нисбат ба 232 шахси мансабдор, аз ҷумла раисони ҷамоатҳо, кумитаҳои идораи замин, роҳбарони корхонаҳои бақайдгирии давлатӣ ва заминсозони ҷамоатҳо, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудаанд.    
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
 
 
 
ДУШАНБЕ 
192 ҳазор меҳмони хориҷӣ аз пойтахт дидан намуд
 
Соли 2022 ба шаҳри Душанбе 192 ҳазор меҳмон аз хориҷи кишвар ташриф овард, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ 2 маротиба зиёд мебошад. Дар ин бора муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода зимни натиҷагирӣ аз рушди иҷтимоӣ-иқтисодии пойтахт дар соли 2022 ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи Ҷамшед Табарзода, сайёҳон аз пойтахти кишвар дидан намуда, вобаста ба санъати меъмории шаҳрсозӣ, шумораи боғу гулгаштҳо, хӯрокҳои миллӣ ва сатҳи баланди хизматрасонӣ баҳои баланд доданд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонони пойтахт бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе бунёду навсозии 10 меҳмонхонаи замонавӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт роҳандозӣ гардида, айни замон 3-тои он мавриди истифода қарор дода шудааст ва дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ШАҲРИ ВАҲДАТ
Бунёди 808 иншооти ҷашнӣ
 
Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳри Ваҳдат, дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар доираи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр сохтмону навсозии 808 иншооти гуногунсамт ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла 92 бинои саноатӣ, 51 тандурустӣ, 19 маориф, 23 варзиш, 24 маркази хизматрасонӣ, 106 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва ғайра. Айни ҳол дар 157 иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. 
Ҳамчунин, зикр гардид, ки вобаста ба иҷро накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳр 30 ҳолат ошкор гашт ва  қонунвайронкунандагон ба маблағи 66 ҳазору 160 сомонӣ ҷарима шуданд.
Раиси шаҳр вобаста ба саволҳои  хабарнигори рӯзнома  дар бораи кор накардани сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва набудани хатҳои уфуқӣ дар роҳҳои маркази шаҳр ва шоҳроҳҳо ваъда дод, ки ин масъалаҳо ҳатман ҳалли худро хоҳанд ёфт. 
 
З. ҚУТБИДДИН, “Ҷумҳурият”
 
 
 
ФДДМ
Робитаҳои байналмилалӣ тақвият меёбанд
 
Рустам Ғаниев, директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки донишҷӯёни муассиса ҳамасола дар конфронс ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона иштирок менамоянд. Боиси зикр аст, ки соли гузашта донишҷӯёни курси чоруми равияи муносибатҳои байналхалқӣ Муқаддас Ҷобирова,  Мадина Ҳисориева ва донишҷӯи курси чоруми равияи идоракунии давлатӣ ва мунитсипалӣ Азимҷон Мубаров дар Олимпиадаи байналмилалӣ (Open International Internet - Olympiad) аз фанни ҳуқуқшиносӣ соҳиби медали тилло гардиданд. 
Филиал бо 35 муассисаи олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон робитаҳои зичи илмӣ дошта, танҳо дар соли гузашта  бо 10  муассисаи олӣ, аз ҷумла филиали Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии Алтай, Донишгоҳи давлатии техникии Алтай ба номи академик И. И. Ползунов, Донишгоҳи давлатии Новгород ба номи Ярослав Мудрий, Донишгоҳи давлатии тиббии Алтай, Бунёди миллии дастгирии инноватсия дар соҳаи маорифи Россия, Донишгоҳи давлатии Полотски Беларус, Муассисаи таҳсилоти байнидавлатии таҳсилоти олии Беларус - Россия, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошкент ва филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Тошкент, созишнома ва шартномаи ҳамкорӣ баст. Ин имкон медиҳад, ки донишҷӯёни ФДДМ таълимро дар дилхоҳ муассисаҳои таҳсилоти олии зикршуда идома диҳанд. 
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.02.2023 №: 39
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив