ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РОҒУН НИГИНЕ ДАР СИНАИ КӮҲ

РОҒУН НИГИНЕ ДАР СИНАИ КӮҲ

18 октябр 2023, Чоршанбе
38
0

 
Сокинони шаҳри Роғун аз суҳбату мулоқотҳо бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, ҷиҳати боз ҳам ободу  хуррам гардондани ин гӯшаи диёри азизамон пайваста саъю талош менамоянд. Дар баробари ин, ба шарофати бунёди азимтарин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ – НБО “Роғун” корҳои созандагиву бунёдкорӣ беш аз пеш авҷ мегиранд.
Натиҷаи ҳамин ободкориҳост, ки симои шаҳр сол ба сол зеботар мегардад. Роҳҳои мумфарш, кӯчаву  гулгаштҳои тозаю озода, корхонаҳои навбунёди саноатию муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти хуштарҳу замонавии маъмурию маишӣ дар шаҳр далели ин гуфтаҳоянд. Мардуми заҳматпеша ин ҳамаро аз сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои созандаи Сарвари давлат арзёбӣ намуда, дилгармона ба сӯи фардои дурахшон гом мениҳанд. Бовар аст, ки дар ояндаи наздиктарин Роғун ба як шаҳри бузурги замонавӣ, бо суръат рушдёбандаи саноатию энергетикӣ табдил ёфта, дар миёни қуллаҳои баланди сарбафалак ва канори баҳри оби мусаффо чун гулбоғи навини Тоҷикистон дили ҳазорон ҳамватану сайёҳони хориҷиро мафтун хоҳад сохт. 
Дар робита ба сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии нуҳмоҳаи соли ҷорӣ бо раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода суҳбат оростем, ки фишурдаи он манзуратон мегардад.

ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР АЗ ҶАШНИ ФАРХУНДА
Тавре Сунъатулло Саидзода иброз дошт, нуҳмоҳаи соли ҷорӣ барои мардуми сарбаланди шаҳри Роғун бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳим, аз ҷумла ташрифи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баргузории як қатор ҷашну идҳои миллӣ, хотирмон буд. 
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Роғун чун яке аз шаҳрҳои зебоманзари Ватан, бо кӯҳҳои сарбаафлок, обҳои мусаффо ва, аз ҳама муҳим, макони ҷойгиршавии иншооти аср НБО “Роғун” мавриди таваҷҷуҳи мардуми кишвар ва хориҷ қарор дорад.
Бахшида ба Ҷашни миллӣ сохтмони иншооти нав, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, варзиш ва навсозии роҳу кӯчаҳои маҳаллаҳо бомаром ҷараён дошта, дигаргуниҳои зиёд ба вуқуъ пайвастанд. Ҳамзамон, сокинони шарафманди шаҳр ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доир ба эълон намудани Солҳои рушди саноат (2022-2026) ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар рушду нумӯи соҳа камари ҳиммат бастаанд.
Гузашта аз ин, дар шаҳр ҳамаи чорабиниҳо дар сатҳи олӣ баргузор шуданд, ки аз якдилию муттаҳидии сокинони он гувоҳӣ медиҳад. Инчунин, роҳи Роғун, ки солҳои зиёд таъмири хубро надида буд ва мардум бо як мушкилӣ рафтуомад мекарданд, имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои  Сарвари давлат таъмиру навсозии 11 км роҳ оғоз гардида, корҳо дар ин самт бо суръати баланд идома доранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои заруриро андешидааст. Аз ҷумла, дар шаҳр бунёду навсозии беш аз 110 иншооти гуногун  дар назар аст ва то ин дам қисме аз онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Агар ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз мавқеи ҷуғрофии маҳал назар афканем, аён мегардад, ки шаҳри Роғун дар қатори дигар шаҳру навоҳии кишвар яке аз гӯшаҳои зебоманзари кишварамон ба ҳисоб меравад. 
Бо назардошти мавҷудияти иншооти таърихию фарҳангӣ, захираҳои бузурги табиӣ, аз қабили ҳайвоноти нодир, гиёҳҳои шифобахш, чашмаҳои мусаффо ва мавзеъҳои истироҳатӣ он мавзеъ барои гардишгарон ҳамчун  макони сайёҳии табобатию кӯҳнавардӣ тавсия дода мешавад. 
Имрӯзҳо барои сайёҳон дар шаҳр шароити мувофиқ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бештар аз 30 мавзеи ҷолиби сайёҳӣ, 4 меҳмонхона, 7 осоишгоҳ, 5 тарабхона, 7 истироҳатгоҳ ва 2 боғи фарҳангию фароғатии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат менамоянд. 
Яке аз маконҳои сайёҳии Роғун Ёнахш мебошад, ки аз маркази шаҳр дар масофаи 30 километр воқеъ аст. Зимни гардишгарӣ сайёҳон метавонанд аз манзараҳои зебои деҳаҳои Фаррухон ва Ғашён низ дидан намоянд. Мавзеъҳои тамошобоби Гули Сур, Луғур ва Марғзор бошанд, барои сайёҳии пиёдагардӣ  басо ҷолибанд. Ҳамчунин, дар даромадгоҳи шаҳр гулгашти фароғатии «Нақб» бо тарҳи хеле ҷолиб мавқеъ гирифтааст ва он сарсабзу хуррам буда, ба кас ҳаловати хоса мебахшаду рамзи шаҳри нурофар будани Роғунро ифода менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз маконҳои сайёҳии шаҳр наздик ба 4 ҳазору 200 сайёҳ, аз ҷумла 704 сайёҳи хориҷӣ, боздид намуд.
Дар хотимаи суҳбат раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода, зикр кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун минбаъд низ тамоми имкониятҳо ва саъю кӯшиши худро барои амалӣ кардани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарбар намуда, соли 2023-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст хоҳад кард.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 18.10.2023 №: 207
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив