ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАСЪУЛОНРО  БАРОИ САМАРАБАХШ ГУЗАРОНДАНИ ДАВРАИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН ВАЗИФАДОР НАМУД

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАСЪУЛОНРО  БАРОИ САМАРАБАХШ ГУЗАРОНДАНИ ДАВРАИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН ВАЗИФАДОР НАМУД

18 октябр 2023, Чоршанбе
13
0


Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони корхонаю ташкилот ва муассисаҳои пойтахтро вазифадор намуд, ки ҷиҳати сари вақт омода кардани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои фаъолияти муназзам дар мавсими сармо  тадбирҳои зарурӣ андешанд. 
Дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳр тавзеҳ доданд, ки  ҷиҳати омода намудани низоми энергетикии  пойтахт  барои  хунукиҳои аз меъёр зиёд, коҳиш додани талафоти техникии неруи барқ ва пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии он ба масъулони соҳа дастур дода шуд.


МУЛОҚОТИ РАИСОНИ КУМИТАҲОИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ГУЗОРИШГАРИ МАХСУСИ СММ 
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва раиси кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода бо Гузоришгари махсуси СММ оид ба масоили ақаллияти миллӣ Фернанд де Варен  мулоқот намуданд. 
Аз маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар доданд, ки зимни мулоқот вазъи ҳуқуқ, озодӣ ва уҳдадориҳои ақаллияти миллӣ дар сатҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи он мавриди баррасӣ қарор гирифт.


МУАРРИФИИ ИМКОНОТИ  ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА, НАҚЛИЁТ ВА ЛОГИСТИКА
Дар шаҳри Сюрих сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода дар Форуми минтақаи васеи Каспий – 2023 иштирок ва суханронӣ намуд. 
Форум таҳти унвони «Каспий ва Осиёи Марказӣ – долонҳо барои энергетика, логистика ва ҷараёни савдо байни Осиё ва Аврупо» баргузор шуда, дар он Ш. Шерализода оид ба имконоти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика, долонҳои иқтисодӣ ва транзитӣ, инфрасохтори нақлиётӣ маълумот дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ  додааст. 


ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ КУМИТА ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ УЗВИЯТИ ШАРИКӢ
Дар доираи 25-умин Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон иштирокчиёни ҷаласаи 44-уми Кумита оид ба масъалаҳои узвияти шарикиро (CMAM) гирди ҳам овард. 
Кумита оид ба масъалаҳои узвияти шарикӣ яке аз 7 кумитаи асосии Созмон ба ҳисоб рафта, дар он тамоми масъалаҳо вобаста ба муколама, мубодилаи иттилоот ва андешидани тадбирҳои минбаъда дар иртибот ба узвияти шарикӣ  баррасӣ  мешаванд. Дар кори  ҷаласаи навбатӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод иштирок ва суханронӣ кард. Дар ин хусус ба «Ҷумҳурият» аз Кумитаи мазкур хабар доданд.


ГӮШАИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ ТУРКИЯ
Дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ ва шаҳрҳои сабз «Kahramanmaras EXPO – 2023», ки дар Туркия доир гашт, гӯшаи Тоҷикистон ташкил шуд.
Гӯшаи Тоҷикистон аз боғи дарахту гулҳо ва толори намоишӣ  иборат буда, дар он молу маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, муаррифӣ шуданд. Дар он раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  Исломиддин Раҳмон ҷумҳурии моро муаррифӣ кард.

Санаи нашр: 18.10.2023 №: 207
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив