ФУТБОЛ
Тоҷикистон – ғолиби “Ҷоми Мердека-2023”
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петр Сергт тими миллии Малайзияро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуда, ғолиби «Ҷоми Мердека-2023» гардид.
Бозии ниҳоии мусобиқа 17-уми октябр дар варзишгоҳи Букит Ҷалили шаҳри Куала- Лумпур баргузор шуд. Голҳоро Рустам Соиров ва Шаҳром Самиев заданд.
Барои тими миллии Тоҷикистон иштирок дар ин мусобиқа марҳалаи омодагӣ ба Ҷоми Осиё мебошад, ки аз 12 январ то 10-уми феврали соли оянда дар шаҳри Доҳаи Қатар доир мегардад.
ГӮШТӢ
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон ширкат меварзанд
23-29-уми октябр дар пойтахти Албания – шаҳри Тирана Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштӣ миёни ҷавонони то 23-сола баргузор мешавад.
Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштӣ, дар Чемпионат иштироки 587 варзишгар аз 58 кишвар дар назар аст. Аз ҷумла, Тоҷикистонро ду нафар – Мустафо Ахмедов (-70кг) ва Сомонҷон Икромов (-79кг) – дар гӯштии тарзи озод намояндагӣ мекунанд.
БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Панҷ намуди варзиш ба барномаи Бозиҳои олимпии Лос- Анҷелес-2028 ворид шуд
16-уми октябри соли равон 141-ум иҷлосияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ки дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон доир гашт, ворид намудани панҷ намуди варзишро ба барномаи Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелес-2028 тасдиқ кард.
Панҷ намуди варзиш (крикет, бейсбол/софтбол, футболи амрикоӣ, лакрос ва скваш) аз ҷониби Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелес-2028 пешниҳод шуда буд. Намуди бокс бошад, аз барномаи олимпӣ лағв гардид, зеро Кумитаи байналмилалии олимпӣ эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии боксро бозхонд.
Ҳамин тавр, барномаи бозиҳо бори аввал дар таърих 35 намуди варзишро дар бар мегирад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.10.2023 №: 207