Гутерриш ҳамла ба бемористони Ғаззаро маҳкум кард
ТАСС. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ҳамла ба бемористони Ал-Аҳлии Ғаззаро, ки бар асари он бештар аз 500 нафар кушта шуд, маҳкум кард.
Гутерриш дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X навиштааст: "Дили ман бо оилаҳои қурбониён аст. Беморхонаҳо ва кормандони тиб аз ҷониби созмонҳои байналмилалии башардӯстона ҳифз карда мешаванд".
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин, ҳамла ба яке аз мактабҳои СММ-ро, ки барои гурезаҳои фаластинӣ дар Ғазза ташкил шудааст, маҳкум кард.
Пешниҳоди Шавкат Мирзиёев ба Си Ҷинпин
Мир24. Тошкент ва Пекин ҳаҷми муомилоти молро зиёд карда, алоқаҳои маданию маърифатиро вусъат медиҳанд. Ин мавзуъҳоро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мерзиёев дар ҳамоиши “Як камарбанд, як роҳ” баррасӣ намуданд.
Раҳбарони ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки гардиши молҳои мутақобиларо ба 20 миллиард доллари ИМА афзоиш диҳанд. Онҳо, ҳамчунин, дар бораи гус- тариши ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия суҳбат карданд.
Шавкат Мирзиёев пешниҳод намуд, ки филиалҳои донишгоҳҳои пешрафтаи Чин дар Тошкент ифтитоҳ шаванд. Си Ҷинпин ин идеяро дастгирӣ кард.
Пашинян: « Мо омодаем то охири сол бо Озарбойҷон созишномаи сулҳро ба имзо расонем»
INTERFAX.RU. Сарвазири Арманис- тон Никол Пашинян дар Парлумони Аврупо гуфт, ки мо омодаем то охири соли ҷорӣ бо Озарбойҷон созишномаи сулҳро имзо кунем.
Ӯ зикр намуд, Ереван омода аст, ки иртиботи минтақавиро бар асоси соҳибихтиёрии кишварҳо фаъол ва убури бехатари бору мусофирони Озарбойҷонро аз қаламрави Арманистон таъмин созад.
"Минтақаи мо ба сулҳ ниёз дорад, ҳамаи кишварҳои минтақа дар шароити марзҳои боз зиндагӣ кардан мехоҳанд»,- гуфт Пашинян.
СҶТ шумораи занону кӯдакони ҳалокшударо дар тирпарронии Ғазза 2800 нафар гуфт
Лента. ру. Бино ба иттилои хабаргузории «Reuters» бо такя ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, аз оғози ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар Ғазза 2800 нафар кушта ва 11000 нафар захмӣ шуданд. Нисфи ҳалокшудагон занону кӯдакон мебошанд.
Ба гуфтаи доктор Ричард Беннан, директори минтақавии бюрои минтақавии СҶТ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи баҳри Миёназамини Шарқӣ, Созмон ба дастрасии фаврӣ ба Қитъаи Ғазза барои расондани кумак ниёз дорад. Ба гуфтаи масъулон, 115 ҳамла ба муассисаҳои тиббӣ сурат гирифтааст, аксари бемористонҳо дар Ғазза кор намекунанд, камбуди обу барқ ва доруворӣ вуҷуд дорад.