«РОҲКУШОИ САОДАТИ МИЛЛАТ»
Зикри хидматҳо, заҳматҳо ва дастовардҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таълифи китобҳо дар ин хусус аз ҷониби муаллифон як навъ шукр ва сипосгузорӣ маҳсуб мешавад. Ин аст, ки бо истифода аз факту санадҳои муҳим, ҳамзамон, сидқу муҳаббати худро изҳор медоранд.
Дарки ин масъала, бешак, ба худшиносӣ, ватандӯстӣ, фарҳангпарварӣ ҳидояти дуруст менамояд. Таълиф ва нашри китоби «Роҳкушои саодати миллат» маҳз ба ҳамин хотир аст. Муаллифон Кибриёхон Атоева ва Абдусафо Умарҷонов зимни таълиф донишу таҷриба ва пажӯҳишашонро ба он равона сохтанд, ки фаъолияти Сарвари давлатро ҳамаҷониба ва дақиқ инъикос бикунанд.
Дар саҳифаи аввали китоб сурати Пешвои миллатро, ки дар миёни гулҳои сурхи зебо аст, ҷой додаанд. Дар паҳлуи он пайкараи Исмоили Сомонӣ мебошад. Дар ҳақиқат, чунин ороиш мақсаднок ва дорои маънои амиқ аст. Яъне, ҳамчунон, ки ваъда дода буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам» сулҳ овард ва ҳолиё дар кишвар сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор мебошад. Мамлакати мо аз харобазори солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба гулзор табдил ёфтааст. Маҳз ба туфайли Сарвари давлат ному фаъолияти беназири Исмоили Сомонӣ ҳамчун асосгузори давлати миллӣ зинда шуд. Зернавишти ин сурат низ як навъ баҳое аст арзандаву бамавқеъ ба заҳматҳои Пешвои миллатамон: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаи асри XXI буда, дар ӯ қудрату тавоноии Куруши Кабир ва хиради Исмоили Сомонӣ мебошад».
Ба ин асар Маҳмадалӣ Бахтиёр, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, пешгуфтор навиштааст. Тавре ӯ дар ин зимн зикр мекунад: «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Роҳе, ки мо пеш гирифтаем, фақат як ҳадаф дорад: расидани ҳар як инсон ба саодати зиндагӣ, бахту иқболи мардум ва рушди миллат дар асри XXI».
Номро аз ҳамин суханони Пешвои миллат гирифта ва ба китоб гузоштаанд, ки мақсадро равшан баён медорад. «Раҳкушои саодати миллат ба сӯйи кишвари одамгарӣ», «Раҳкушоӣ сӯи кишвари сулҳу ваҳдат», «Раҳкушоӣ ба сӯи кишвари нуристон», «Раҳкушоӣ ба сӯи кишварҳои мутамаддин», «Раҳкушоӣ ба сӯи кишвари маърифат», «Раҳкушоӣ ба сӯи кишвари ҷадди бузург», «Раҳкушоӣ ба сӯи кишвари меҳру вафо» номҳои мавзуъҳои алоҳидаи ин китоб ба шумор мераванд.
Китобро суратҳои ранга, ки бозгӯи фаъолияти пурсамари Сарвари давлат мебошанд, ҳусн ва шукӯҳи тоза бахшидааст.
Ҳамин тавр, ин китоби тозанашр туҳфаи хубу арзандаест барои муҳаққиқон, мутахассисони соҳаҳои гуногун ва хонандагону ҳаводорон.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»