«ВАРЗИШ». ТАЪСИСИ НАШРИЯИ СОҲАВӢ БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ
Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол рушд меёбад.
Боиси хушнудист, ки варзишгарони тоҷик аз рӯи чандин намудҳои варзиш тайи чанд соли охир дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд, ҳамчунин, ду-се соли охир Тоҷикистон мизбони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ гардидааст. Дастоварди варзишгарони мо, хусусан аз рӯи намудҳои гӯштии тарзи озод, каратэ-до, бокс, ҷудо, самбо ва таэквандо қобили таҳсин аст.
Баробари ҳамаи ин муваффақиятҳо, соҳаи варзиши тоҷик нуқсонҳо ва проблемаҳои ҷиддиву ҳалталаб ҳам дорад. Пас, барои таблиғи дастовардҳо ва баррасиву бартараф кардани мушкилоти соҳа вақти он расидааст, ки дар қаламрави кишвар як нашрияи алоҳидаи соҳавии “Варзиш” (шояд бо номи дигар) бо забони тоҷикӣ таъсис ёбад. Ин кори хайру муҳимро на фақат дар қаламрави ҷумҳурӣ, балки бо дастгирии саховатпешаҳо ва соҳибкорони ташаббускор дар сатҳи вилоятӣ ҳам таъсис додан мумкин аст.
Алиҷон МАҲМУДОВ, узви Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, шаҳри Конибодом
Санаи нашр: 19.10.2023 №: 208