ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ. ДАР ТАҲКИМИ МУНОСИБОТИ ДӮСТОНА УФУҚҲОИ НАВ КАСБ МЕШАВАНД 

ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ. ДАР ТАҲКИМИ МУНОСИБОТИ ДӮСТОНА УФУҚҲОИ НАВ КАСБ МЕШАВАНД 

30 октябр 2023, Душанбе
28
0


"Ҷумҳурии Туркия ва мардуми он нақши барҷастаи гурӯҳи наҷотдиҳандагони Тоҷикистонро дар бартарафсозии оқибатҳои даҳшатбори заминларзае, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар кишвари мо хисороти сангини ҷониву молӣ бар ҷой гузошт, фаромӯш нахоҳанд кард. Ин гурӯҳ, ки бо дастури Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркия рафтанд, аз ҷумлаи наҷотбахшоне буданд, ки ҷиҳати рафъи харобаҳои заминларза ва наҷоти одамон ба муҳлати аз ҳама зиёд ва бештар аз дигарон дар музофоти осебдидаи кишвар қарор доштанд".

Ин нуктаро сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар дар нишасте ба муносибати 100-солагии Ҷумҳурии Туркия (таъсиси ҷумҳурият) иброз дошт. Ӯ бо ёдоварӣ аз таърихи гузаштаи сад соли ахири кишвараш ба масири рушд ва касби қудрат намудани Туркия дар ин давра мурур кард. Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки ҳоло ин кишвар яке аз иқтисодҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, дар бахши туризми ҷаҳонӣ шашумин  давлатест, ки шумораи аз ҳама зиёди сайёҳони хориҷиро мизбонӣ мекунад. Ба гуфтаи сафир, ҳар сол тақрибан 50 миллион гардишгар аз минтақаҳои сайёҳии Туркия дидан мекунанд. Шаҳрвандону мусофирон имкон доранд, ки аз Истамбул ба 129 кишвари ҷаҳон парвозҳои мустақим анҷом диҳанд.
Дар идомаи суҳбат бо хабарнигорон, Умут Аҷар аз робитаҳои ҳасана ва рушди бардавоми ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия тавсиф намуд: «Мо дар заминаи созишномаву санадҳои зиёди ҳуқуқӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, бахшҳои иҷтимоию гуманитарӣ ҳамкориҳои мутақобиланд судманд дорем. Танҳо соли 2022 гардиши савдо байни ду давлат 351,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод ва мо аз ду ҷониб талош хоҳем кард, ки ин нишондод ба марзи 1 миллиард доллар расонда шавад. Ҷумҳурии Туркия низ мисли Тоҷикистон ба рушди энергияи сабз таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд ва қарор аст, ки дурнамои ҳамкориҳои мо дар ин самт тавсеаи бештар пайдо кунанд».
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри ин матлаб фаъолияти дипломатиаш дар ин мақомро боиси шараф ва ифтихор дониста, итминон дод, ки дар оянда барои таҳкими муносиботи дӯстона ва истифодаи пурраи имкону захираҳои мавҷудаи ҳамкорӣ талош хоҳад кард.
Ҷумҳурии Туркия аз аввалин кишварҳое буд, ки 29-уми январи соли 1992 истиқлоли Тоҷикистонро эътироф ва муносибатҳои дипломатиро бо давлати мо барқарор намуд. Соли 1992 Сафорати ин кишвар дар Душанбе ва соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Анқара ба фаъолият оғоз намуданд.

Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият» 

Санаи нашр: 30.10.2023 №: 214
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив