ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДДК. МАҲФИЛИ ЭҶОДИИ ҲАҚНАЗАР ҒОИБ

ДДК. МАҲФИЛИ ЭҶОДИИ ҲАҚНАЗАР ҒОИБ

01 ноябр 2023, Чоршанбе
20
0


Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, таҷлили солгарди фаъолияти эҷодии адибони маъруф дар ин боргоҳи таълимӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Чунин тадбирандешиҳо ва баргузории маҳфилҳои эҷодӣ ба хотири боло бурдани сатҳи маърифат ва ҷаҳонбинии донишҷӯён мебошад. Ин бор дар Донишгоҳ 60-солагии фаъолияти эҷодии Ҳақназар Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доир гашт. Маҳфилро иштироки шахсиятҳои адабӣ, аз ҷумла Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва дигар шахсиятҳои шинохта шукӯҳи тоза бахшид. 
Ректори Донишгоҳ Раҳмон Дилшод Сафарбек маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуд. Мавсуф зикр кард, ки Ҳақназар Ғоиб, хатмкардаи ин муассиса, бо ашъори дилрасу ҷавобгӯи талаботи давр дар миёни хонандагони сершумораш  маҳбубияти хос дорад. Таъкид намуд, ки мавзуъ ва мундариҷаи ашъори шоир васеъ ва фарогир буда, бо равонӣ, ҳадафмандӣ, истифодаи санъатҳои бадеиву лафзӣ аз эҷодиёти адибони дигар фарқ мекунад. Аз ин рӯ, ба онҳо оҳангҳо бастаанд, ки овозхонҳои маъруфи кишвар дар тамоми манотиқ тараннумашон менамоянд. Агарчи аз тавлиди сурудҳо ба ашъори ӯ солҳои тулонӣ гузашта бошад ҳам, қимати худро то ба имрӯз гум накардаанд. 
Адибон Абдулҳамид Самад ва Камол Насрулло аз мавқеи шоистаи Ҳақназар Ғоиб дар адабиёт ва рушди он ёдовар шуданд. Аз ҷумла, изҳор доштанд, ки шоир бо фаъолияти пурсамараш дар боло бурдани завқи эстетикии хонандагон, тарбияи ахлоқии наслҳо таъсири нек гузоштаву мегузорад. Дар лаҳзаҳои эҷод ҳеҷ гуна хастагиеро эҳсос намекунад ва бо шеъру достонҳояш дар рушди адабиёти миллии муосир саҳми назаррас мегирад. Инчунин, адибон аз муҳити адабии Кӯлоб ва маҳфилҳое, ки солҳои пешин баргузор мегардиданд, сухан карданд ва аз шахсиятҳои маъруфи он ном бурданд. 
Маҳфилро қироати шеърҳои Ҳақназар Ғоиб аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳ ва набераҳои шоир ҳусну таровати дигар бахшиданд. 
Гурӯҳи мутрибону овозхонҳои ин муассисаи таълимӣ сурудҳоро ба матнҳои шоир тараннум намуданд.
Устод Ҳақназар Ғоиб дар баробари хондани шеърҳои наваш китоби тозанашри худро бо номи «Тоҷик ва тоҷи Офтоб» рӯнамоӣ кард ва ба китобхонаи Донишгоҳ тақдим намуд. 
Маҳфилро Раҳмон Дилшод Сафарбек ҳусни хотима бахшид ва, ҳамзамон, зикр кард, ки ин анъанаи нек боз идома меёбад. Инчунин, дар ин сол махсусан баргузории маҳфилҳои адибоне дар назар аст, ки Донишгоҳро дар солҳои гуногун хатм кардаанд. 

Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 31.10.2023 №: 215
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив