МАҶЛИСИ МИЛЛӢ. БАРРАСИИ 32 МАСЪАЛА ДАР ИҶЛОСИЯИ НАВБАТӢ
3-юми ноябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, даъвати шашум, баргузор гардид.
Тавре Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ, хабар дод, дар оғози иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 32 масъала қабул намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки 21-уми июни соли 2023 интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз вилояти Хатлон №3 доир гардид.
Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз 21-уми июни соли 2023 номзад Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, бо гирифтани аксари овози вакилони интихобкунанда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз вилояти Хатлон № 3 ба қайд гирифта, ваколатҳояш тасдиқ шуданд.
Дар иртибот ба ин масъала, аъзои Маҷлиси миллӣ қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиро «Дар бораи Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб намудани Давлаталӣ Саид» қабул намуданд.
Сипас, зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ маъруза намуда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.
Тибқи рӯзномаи иҷлосия, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва амсоли инҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, якдилона ҷонибдорӣ намуданд.
Пас аз баррасии пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуд. Инчунин, дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ «Дар бораи ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ ва иваз намудани номи он ба Заҳматобод, инчунин иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Восеъ» қабул гардид.
Л. ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.11.2023 №: 218-219