ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР САММИТИ 16-УМИ СҲИ

ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР САММИТИ 16-УМИ СҲИ

10 ноябр 2023, Ҷумъа
24
0

 
9-уми ноябр дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошкент саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда, сухан ронданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои меҳмоннавозӣ ва ташкили баргузории саммит дар сатҳи баланд изҳори сипос намуда, Сарвари давлати мизбони чорабиниро ба муносибати раиси иҷлосияи 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ интихоб шуданашон, самимона шодбош гуфтанд.
Ҳамзамон, ба саъю талошҳои раисии ҷониби Туркманистон таҳти раёсати Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳаммадов доир ба татбиқи қарорҳои саммити гузашта баҳои баланд дода шуд.
Вобаста ба нақши Созмон дар муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки масъалаҳои рушди бемайлону устувори ҳамкорӣ дар доираи он ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии мамлакати мо муайян гаштанд.
Аз ҷумла, иброз гардид, ки, сарфи назар аз тамоюлҳои буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ, маҷмуи маҳсулоти дохилии СҲИ, ки айни замон беш аз ду триллион доллари ИМА-ро дар бар мегирад, раванди афзоишро нигоҳ дошт.
Пешгӯӣ мешавад, ки аз рӯи ҷамъбасти соли равон, афзоиши миёнаи ММД дар аксари давлатҳои СҲИ беш аз панҷ дарсадро ташкил хоҳад дод.
Дар баробари ин, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон карданд, ки сарфи назар аз тамоюлҳои мусбат, қисми зиёди иқтидори ҳамкории иқтисодии давлатҳои аъзои Созмон то ҳол истифода нагардидааст.
Дар ин замина, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон густариши робитаҳои байниҳамдигарӣ ҷиҳати ташкили низомҳои мусоиди ҳамкорӣ дар тамоми бахшҳои иқтисодиёт, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, кумаки ҳамаҷониба ба давлатҳои аъзои Созмон, ки роҳи баромади баҳрӣ надоранд, ташкили робитаҳои мустаҳками нақлиётии дохилиминтақавӣ ва байниминтақавӣ, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчун ҷузъи муҳими таъмини амнияти озуқавории минтақа ва истифодаи манбаъҳои иқтидори барқароршаванда, ки ҳамчун яке аз ҷузъҳои асосии рушди «иқтисоди сабз» маҳсуб мешаванд, пешниҳодҳои асоснок намуданд.
Дар робита ба бунёди инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақаи Созмон, Президенти Тоҷикистон, махсусан, таъкид карданд, ки мо ният дорем дар рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар самти Шарқ – Ғарб ва Осиёи Марказӣ-Ҷанубӣ нақши муносиб гузорем.
Дар ин замина, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Котиботи СҲИ бо пешниҳоди таҳлили ҳамаҷонибаи вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо бо мақсади рушди минбаъдаи он дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муроҷиат карданд.
Дар хотима Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷониби Озарбойҷонро бо анҷоми бомуваффақияти раёсати он дар СҲИ табрик гуфта, ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иртибот ба қабули раёсат дар ин Созмон муваффақият таманно намуданд.

Санаи нашр: 10.11.2023 №: 222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив