ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  БО ТАНГРИГУЛИ АТАХАЛЛИЕВ 

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  БО ТАНГРИГУЛИ АТАХАЛЛИЕВ 

30 ноябр 2023, Панҷшанбе
4
0


28-уми ноябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев мулоқот карданд.
Дар оғози суҳбат Пешвои миллат меҳмони олиқадрро ба муносибати таъин шудан ҳамчун ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ табрик намуданд. Сарвари давлат таъкид карданд, ки муносибатҳои мо бо Туркманистон дар сатҳи баланди эътимод ва ҳусни тафоҳум ҷараён мегиранд.
«Натиҷаҳои судманди сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Гурбангулиевич Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон, ки моҳи майи соли равон анҷом дода шуд, тасдиқи ин гуфтаҳо мебошанд», – иброз доштанд Пешвои миллат. Дар ин замина, Пешвои миллат, ҳамчунин, таъкид намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои тавофуқоти бадастомада зимни сафари Президенти Туркманистон нақшаи чорабиниҳои фарогирро қабул кардааст.
Сарвари давлат изҳори умед намуданд, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба пешрафти тамоми маҷмуи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон мусоидат хоҳад намуд.
Бояд гуфт, ки ҷаласаи навбатии Комиссия дар ин рӯзҳо дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.

Санаи нашр: 30.11.2023 №: 236
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив