ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАНҒАРА. ИФТИТОҲИ МТМУ № 84 ДАР ДЕҲАИ ДУРАХШОН 1

ДАНҒАРА. ИФТИТОҲИ МТМУ № 84 ДАР ДЕҲАИ ДУРАХШОН 1

30 ноябр 2023, Панҷшанбе
106
0

Дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Хайриддин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 84-и деҳаи Дурахшон 1-и Ҷамоати деҳоти Исмат Шарифовро мавриди истифода қарор дод.

Иншооти нав дуошёна буда, дар майдони 1,8 гектар бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия аз тарафи Вазорати маориф ва илм бо дастгирии Бонки осиёии рушд қомат афрохт. Корҳои сохтмонии Муассиса моҳи марти соли 2021 оғоз гардида, аз тарафи коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  “Бунёдкор-2010”, дар муҳлати муқарраршуда, бо сатҳу сифати баланди меъморӣ ба анҷом расонда шуд. Зимни бунёди он 30-40 сокини маҳаллӣ ва устоҳои моҳир аз вилояти Хатлон бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд. Дар рафти сохтмон аз масолеҳи бинокории ватанӣ истифода шудааст. 
Муассисаи замонавии таълимӣ аз 10 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, синфхонаи компютерӣ ва  ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони Муассиса ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.  
Иншооти таълимӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ бунёд ёфта, дар ду баст 480 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад. Муассиса дорои шабакаи гармидиҳӣ мебошад, ки тавассути он синфхонаҳо, дафтарҳои корӣ ва таълимӣ гарм нигоҳ дошта мешаванд. 
Барои тарғибу ташвиқи бештари варзиш ва, ба ин восита, ташаккул додани тарзи ҳаёти солим дар Муассисаи таълимӣ майдончаи варзишӣ бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст, ки дар он имконияти бозии футбол, баскетбол ва волейбол мавҷуд мебошад. 
Саҳн ва атрофи бинои нави Муассисаи таълимӣ сабзу хуррам буда, дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шудаанд. Чароғакҳои равшанидиҳанда, роҳравҳои сафолакпӯш ва панҷараҳои оҳанин аз корҳои дигари ободонӣ мебошанд. 
Ёдовар мешавем, ки сокинони деҳаи Дурахшон 1 солҳо боз аз набудани муассисаи таълимӣ танқисӣ доштанд. Мактаббачагони деҳа бештар аз 2 километр роҳро тай карда, ба МТМУ № 11-и деҳаи Булёни Поёни ноҳия мерафтанд. Хушбахтона, орзуи чандинсолаи сокинони деҳа амалӣ гашт ва онҳо соҳиби мактаби наву замонавӣ шуданд.  
Тавре сокини деҳаи мазкур Дарвеш Қурбонов иброз дошт: 
– Мо – сокинони деҳоти Исмат Шарифов, аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин Хайриддин ва соҳибкорону шахсони саховатманди деҳот хушнуд буда, ба онҳо сипосу миннатдории худро баён мекунем. Аксари иншооте, ки имрӯз сохта мешаванд, орзуи деринаи мардум буданд. Хушбахтона, имрӯз орзуҳо ба воқеият табдил ёфтанд. Худованд Пешвои миллатамонро ҳамеша дар паноҳаш нигаҳбон бошад.  

 
Исломиддин Хайриддин зимни шиносоӣ бо шароитҳои муҳайёшуда дар иншооти таълимии навбунёд ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, хонандагонро ҳидоят кард, ки аз шароити мусоиди фароҳамгардида самаранок истифода бурда, дониши хуб омӯзанд ва оянда барои пешрафти ҷомеа хизмати шоиста намоянд ва номбардори Ватан бошанд. 

Суҳроб СОБИРЗОДА, директори МТМУ № 11-и ноҳияи Данғара,
Кароматулло АТО,  «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 30.11.2023 №: 236
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив